Вазорати дифои Русия хабар дод, ки ҳавопаймои низомии Су-24 бар асари мушаки ҳавопаймои туркии F-16 ҳангоми бозгашт ба пойгоҳи низомӣ дар Лозиқия суқут кардааст. Низомиёни рус гуфтанд, ки ҳодиса дар фазои Сурия рӯй дод ва ҳавопаймо ҳарими Туркияро халалдор накардааст. Аз ин пеш вазорати вазорати дифои Русия гуфта буд, ки СУ-24 на аз мушаки ҳавопаймои туркӣ, балки “бар асари тири тӯпхона аз замин” вожгун шудааст.
Аммо ситоди кулли артиши Туркия хабар дод, ки ҳавопаймои русӣ дохили ҳарими ҳавоии кишвар шуд ва ба чанд ҳушдор барои тарки минтақа вокунише накард.
Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия, рӯзи 24 ноябр изҳор намуд, ки кишвараш ҳаққи дифоъ аз марзҳояшро дорад, ба вижа дар ҳоле, ки бо вуҷуди чанд ҳушдор ҳарими ҳавоияш боз халалдор мешавад. Ӯ афзуд, ки Туркия барои таъмини амнияти кишвар аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз ин пеш ҳавопаймоҳои низомии Русия, ки аз нерӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ҳимоят мекунанд, чанд бор вориди ҳарими ҳавоии Туркия шуданд ва ин боиси моҷарои дипломатӣ миёни ду кишвар ҳам шуда буд. Артиши Туркия рӯзи 16 ноябр як ҳавопаймои бесарнишинро дар наздикии марз бо Сурия вожгун кардааст. Телевизиони Си Эн Эн Турк гузориш дод, ки ҳавопайморо дар наздики шаҳри Килис дар 3 километрии марзи Сурия ва 90 километр дуртар аз шаҳри Ҳалаб задаанд. Дар мусоҳибаи телевизионӣ нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу гуфт, ки ҳавопаймо сохти русӣ аст ва эҳтимол дорад ба нерӯҳои Башор Асад, шибҳанизомиёни курд ва ё гурӯҳи дигаре тааллуқ дошта бошад. Вай афзуд, ки маҳви ҳавопаймои бесарнишин ҳушдор аст ва изҳори умедворӣ кард, ки Русия акнун баъд аз чанд бор вайрон кардани ҳарими ҳавоии Туркия сари ин мавзӯъ ба таври ҷиддӣ андеша мекунад.
Се рӯз пеш Туркия ба сафири Русия дар кишвар Андрей Карлов бино ба бомборони рустоҳои туркманӣ дар шимоли Сурия нотаи эътирозӣ супурд. Дар изҳороти вазорати умури хориҷии Туркия гуфта шудааст, ки бомборони рустоҳои аққалиятҳои туркман дар Сурия метавонад паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад. Анкара аз Маскав талаб кардааст, ки фавран бомборонро қатъ кунад.
Зимнан, ба иттилои Рамӣ Абдураҳмон, раиси Маркази назорати вазъи ҳуқуқи башар дар Сурия, ҳавопаймои СУ-24 дар минтақаи кӯҳии туркманнишини вилояти Лоқиқия ва дар наздикиҳои марзи Туркия вожгун шудааст. Рӯзномаи туркии Hurriyet ҳам навиштааст, ки ҳавопаймои ҷангии русӣ дар хаймаҳои рустои туркманнишини Йамадли суқут кардааст. Ошӯбгарони туркман дар Сурия изҳор намуданд, ки ҳарду халабони русро эъдом кардаанд. Дар сӯҳбат бо хабаргузории Doğan News Agency муовини фармондеҳи нерӯҳои туркман Алпаслан Челик тасдиқ кард, ки онҳо ҳарду халабонро ҳангоми бо парашют фуруд мондан ҳадафи тир қарор доданд. Ҷасадҳои онҳо дар ихтиёри моянд, афзуд Челик.
Рӯзи сешанбе дар канори Консулгарии Русия дар шаҳри Истамбул даҳҳо нафар ҷамъ омада, алайҳи амалиёти Русия дар манотиқи туркманнишини Сурия эътироз карданд. Бино ба иттилои Sky News, ширкаткунандагони намоиш "Бародарони туркман танҳо нестанд!" ва "Русия қотил, аз Сурия гум шав!" шиор дармедоданд.
Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон мегӯянд, ки моҷарои суқути СУ-24 робитаҳои Маскаву Анкараро куллан хароб мекунад. Онҳо ба изҳороти раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ишора мекунанд, ки нобудсозии ҳавопаймои ҷангии русии СУ-24-ро "ханҷаре аз пушт" аз сӯи Туркия номид ва ҳушдор дод, ки он барои робитаҳои дуҷониба паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт. Дигар сиёсатмадорони рус ҳам хостори "посухи сазовор" ба вожгунсозии ҳавопаймои СУ-24 шуданд. Муовини раиси Думаи давлатии Русия Николай Левичев пешниҳод кард, ки ҳама шаҳрвандони Русия аз Туркия кӯчонида ва сафири Русия дар Анкара бозхонда шавад. Ӯ ҳамчунин хостори қатъи парвози ҳавопаймоҳо ба Туркия шудааст.
Ёдовар мешавем, Владимир Путин рӯзи 17 ноябр, баъд аз тайид шудани суқути ҳавопаймои русӣ дар Миср бар асари таркиши бомб амр кард, ки зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия афзоиш дода шаванд.
Ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалимавиа", ки рӯзи 31 октябр бо 224 мусофиру сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз чанд дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд. Раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников рӯзи 17 ноябр бо такя ба натиҷаҳои тафтишот ба Владимир Путин гуфт, ки дар Airbus маводи таркандаи баробар ба як кило тротил мунфаҷир шудааст. Масъулияти суқути Airbus A-321-ро гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифтааст.
Паймони НАТО бо дархости Туркия дар робита ба моҷар миёни Анкараву Маскав оид ба суқути ҳавопаймои СУ-24 нишасти оҷил баргузор мекунад. Раҳбари Шӯрои Аврупо Доналд Туск моҷарои суқути ҳавопаймои русиро «лаҳзаи хатарбор» унвон кард.