Брюссел. Хатар ҳанӯз побарҷост...

Мақомоти Белгия дар амалиёти вижа дар Брюссел ва атрофи он 21 гумонбари терроризмро боздошт карданд.

Фаронсаву Бритониё дар бораи афзоиши зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Сурия ва Ироқ ба созиш расиданд. Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса, рӯзи 23 ноябр, баъд аз гуфтушунид бо нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон гуфт, ки ду кишвар ҳадафҳоеро интихоб хоҳанд кард, ки ба ситезаҷӯён осеби ҳарчӣ бештар расонанд. Ӯ тайид кард, ки киштии бузурги "Шарл де Голл" ба Баҳри Миёназамин фиристода шуд ва он дар маъракаи низомӣ алайҳи гурӯҳи «Давлати исломӣ» ширкат мекунад. Як рӯз аз ин пеш раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз низомиёни кишвар хоста буд, ки амалиёти худро бо маллоҳони киштии “Шарл де Голл” ҳамоҳанг кунанд.

Дэвид Кэмерон, нахуствазири Бритониё, дар навбати худ, хабар дод, ки Лондон ва Порис, аз ҷумла, табодули иттилоъ дар бораи ҳавопаймоҳои мусофирбарро бештар хоҳанд кард.

Лондон ва Порис терроризмро аз беху бун барканданиянд

Ҳолланд ва Кэмерон қабл аз гуфтушунид аз толори консертии "Батаклан" дидан карда, ёди қурбониёни ҳамлаҳои Порисро гиромӣ доштанд. Бар асари ҳамлаҳо дар Порис шоми 13 ноябр 130 нафар ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар маҷрӯҳ шуданд. 89 нафари онҳо дар толори "Батаклан" ҳадафи тир қарор гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол ҷустуҷӯи баъзе ах омилони ҳамлаҳои Порис дар Брюссел ва атрофи он идома дорад. Ба иттилои полиси Белгия, рӯзи 23 ноябр панҷ нафари дигари гуморбар дар таҳияи ҳамлаҳои террористӣ боздошт шуданд. Як рӯз пеш дар ҷараёни амалиёти зиддитеррор 16 нафари дигар дастгир шуда буданд. Аммо, тавре намояндаи додситонии федеролии Белгия Эрик ван дер Сипт рӯзи 23 ноябр хабар дод, яке аз гумонбарони асосӣ дар ташкили ҳамлаҳо дар Порис Салоҳ Абдусалом то ҳол дастгир нашудааст. Дар пойтахт ва атрофи он дар маҷмӯъ 27 рейд баргузор шуд. Ба иттилои Би-Би-Си, дар ҷараёни яке аз онҳо дар шаҳри Моленбек, воқеъ дар канори Брюссел, як боздоштшуда ҳангоми талоши фирор маҷрӯҳ шуд.

Чораҳои амниятӣ дар хиёбонҳои Брюссел тақвият ёфтаанд

Нахуствазири Белгия Шарл Мишел ахиран изҳор намуд, ки дар Брюссел сатҳи баландтарини хатари террористӣ боқӣ мемонад. Айни ҳол дар ин шаҳр мактабу донишгоҳҳо баста шуда, метро кор намекунад. Ҳама чорабиниҳои бузург дар Брюссел лағв карда шудаанд. Сатҳи баландтарини хатари террористӣ рӯзи ҷумъа эълон шуда буд – мақомот гуфтанд, ки имкони дар Брюссел рӯй додани ҳамлаҳое ҳамсони ҳамлаҳо дар Порис мавҷуд аст. Ҳасани Шариатмадорӣ, таҳлилгари масоили сиёси муқими Олмон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баргузории амалиёт дар кишварҳои гуногуни Аврупо ба хотири таъмини амният ва, зиёда аз он, мутмаин сохтани мардум ба бехатарияшонро амри воқеъӣ хонд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, идомаи ин гуна амалиёт шояд ҳисси бадбинии мардуми бумӣ ба мусалмонҳоро бештар кунад. Аз ин рӯ ҷомеъаҳои мусалмонӣ бояд имрӯзҳо бо дурӣ ҷустан аз ақоиди "Давлати исломӣ" ва ҳамдардӣ ба мардуми бумӣ нишон диҳанд, ки аз рангу рӯи гурӯҳҳое чун "Давлати исломӣ", "Ал-Қоида" безоранд, мегӯяд таҳлилгар.

Рӯзҳои ахир намоишҳои мусалмонҳо алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар чанд кишвар, аз ҷумла, Фаронсаву Италия баргузор шуданд. Ҷавонони фаъоли мусалмон тавассути Интернет маъракаеро таҳти унвони “ISIS, not in my name” (“Давлати исломӣ?, на аз номи ман”) ба роҳ андохтанд, ки то имрӯз ба он даҳҳо ҳазор нафар пайвастаанд. Пайравони ин гурӯҳ акси худро бо ин навишта - “Not in my name” – дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд ва бо ин ба созмонҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” паём мефиристанд, ки дар ҳамлаҳои худ аз номи онҳо, яъне, аз номи мусалмонон, сӯиистифода накунанд.