Модари Шоира: "Бигузор қотилони духтарам ҷазо гиранд"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Идигул Азимова-модари Шоира Ҷобирова, мегӯяд, ба фикри вай дар қатли духтараш "на як, балки чор афсари пойгоҳи низомии Русия даст доранд ва бигузор онҳо ҷазои амалашонро бигиранд". Ҷасади Шоираи 22-сола 9 ноябри соли ҷорӣ, баъди чор рӯзи гум шуданаш, аз партовгоҳи пойгоҳи 201-уми Русия дар маҳаллаи "Гипрозем"-и Душанбе пайдо шуд ва ҳоло дар қатли ӯ афсари ҳамин пойгоҳ Иван Шербаков айбдор мешавад. Таҳқиқи қатли Ҷобирова ва даст доштани афсари рус дар ин ҷиноятро мақомоти тафтишотии пойгоҳи ҳарбии Русия ба ӯҳда доранд.