Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 10 ноябр ба баррасии парвандаи Асламшоҳ Султоншоев -- омӯзгори фанни риёзиёти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов, оғоз кард, ки дар латту кӯби як шогирдаш муттаҳам мешавад. Алиҷон Ҳамдамзода, қозӣ ё масъуали баррасии парванда гуфт, Султоншоев бар асоси моддаҳои 174 (иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ) ва моддаи 316, қисми 1 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар курсии айбдорӣ нишастааст.
Аммо оқои Ҳамдамзода ба далели камбуди ҷой дар толори додгоҳ хабарнигоронро ба мурофиа роҳ надод. Вале бархе аз шоҳидон, ки дар рӯзи аввали мурофиа иштирок доштанд, баъди хориҷ шуданашон аз толори додгоҳ аз Султоншоев тавсиф карда, гуфтанд, ки ба ҳимоят аз ӯ омадаанд.
Яке аз шоҳидон бидуни зикри номаш гуфт, ҳадафи муаллим аз гӯшмоли хонанда таҳқир ё зарар расондан набуда, балки аз ин тариқ талош кардааст, монеи дермониҳои шогирдаш шавад. Мурофиаи навбатӣ рӯзи 13 ноябр баргузор хоҳад шуд.
Аз ин пештар худи Асламшоҳ Султоншоев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ин рафтораш барқасдона ва аз сари ғазаб набуда, танҳо хостааст шогирди дарсгурезашро танбеҳ диҳад. Ин навор аз сӯи хонандагон пинҳонӣ сабт шуда, баъдан ба Интернет роҳ ёфтааст.
Ӯ дар суҳбат бо мо асли қазияро чунин нақл карда буд, ки "чаҳор рӯз пайиҳам Муҳаммадҷон Сулаймонов аз дарсҳо мегурехт. Ман роҳбари синфи ӯ будам, кӯшиш мекардам, ки шогирдони ман хонандаи боодоб бошанд, аз дарсҳо нагурезанд. Вақте чанд бор барои дарсгурезияш огаҳӣ додам, гӯш накард."
Дар видео: Сӯҳбати як моҳ пеши Султоншоев
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин ҳодиса 17 апрели соли ҷорӣ рух дода, баъд аз он кормандони умури дохилӣ Асламшоҳ Султоншоевро як бор бозпурсӣ карда будаанд.
Аввали моҳи октябри соли ҷорӣ як навори 15-сониягӣ ба шабакаи Ютуб роҳ ёфт, ки дар он дида мешавад омӯзгор хашмгин аст ва гоҳе ба сару рӯй ва шиками талаба зада, гоҳе дигар гӯшашро мекашад:
"-Чаро дер кардӣ? Падарлаънат, ту-ку аз отат метарсӣ...
-Муаллим, ба ҳоҷатхона рафтем. Наравем? Назан муаллим, сарам дард мекунад..."
Ин навор дар як дам вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Аз ҷумла, Абдуҷаббор Алиев -- сардори Раёсати мактабҳои миёнаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 10 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “муаллимон ба ҳеч ваҷҳ ҳаққи латту кӯби хонандагонро надоранд ва чунин рафтор хилофи қонун буда, амали ғайрипедагогист”.
Соли гузашта низ айни ҳамин гуна навор дар интернет нашр шуда буд. Он вақт гуфта мешуд ҳодисаи мазкур дар мактабҳои пойтахт сар задааст. Вале пас аз таҳқиқи Вазорати маориф ва илм маълум гардид, ки латту кӯби хонанда аз сӯи омӯзгор на дар пойтахт, балки дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ шудааст.