Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои пайдо кардани қотилони ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт 10 ҳазор доллар ҷоиза эълон кардааст. Ин ниҳоди қудратӣ 9 ноябр бо эълони расмии ҷоиза аз ҳамаи шаҳрвандон хостааст, барои пайдо кардани ин афрод ба онҳо ёрӣ кунанд. "Дар бораи шахсоне, ки ягон маълумот ва ё хабар медиҳанд, пинҳон доштани шахсияти онҳо кафолат дода мешавад," -- афзудааст Вазорати корҳои дохилӣ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, бар асари захмҳои бардоштаашон аз корди афроди номаълум ҷон дода, ҳамкоронашон - Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамлаи маргбор болои кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино субҳи 7 ноябри соли ҷорӣ дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии пойтахт рух дода, ҳоло ҷустуҷӯи афроди муттаҳамон идома дорад.
"Бар асари зарбаи корд майор Пӯлод Мирзоев дар маҳалли ҳодиса ҷон бохта, захмиёни дигар ба беморхона интиқол шудаанд. Прапоршик Ҳамза Насибов низ ба иллати захми шадид дар беморхона вафот кардааст," -- менависад торнамои расмии Вазорати корҳои дохилӣ.
Корҳои тафтишотии ин ҳодисаро Додситонии низомии Тоҷикистон ва додситонии ноҳияи Сино ба ӯҳда гирифта ва ниҳодҳои интизомӣ барои мушаххас ва дастгир кардани ҳамлагарон чораҳои фаврии ҷустуҷӯро шурӯъ кардаанд. Рӯзи 9 ноябр дар торнамои расмии Вазорати корҳои дохилӣ як навор аз дурбинҳои назоратӣ низ нашр шуд, ки гуфта мешавад ба эҳтимоли зиёд яке аз ҳамлагарон дар он тасвир ёфтааст.
Дар ин навор маблағи ҷоиза 10 000 сомонӣ гуфта мешавад, вале тавре Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 9 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шарҳ дод, ибтидо маблағи ҷоиза дар ҳақиқат 10 000 сомонӣ муқаррар шуда буд, вале онро сипас то ба 10 000 доллар боло бурданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷалолиддин Садриддинов гуфт, ҳанӯз сабаби муноқиша миёни кормандони комиссириати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва афроди номаълум рӯшан нест. Вале чунин ҳадсу гумонҳое вуҷуд дорад, ки эҳтимол ин муноқиша бар пояи даъвати ҷавонон ба артиш ва ҷалби иҷбории ҷавонон ё “облава” барои хидмат дар артиши Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Аз 1 октябри соли ҷорӣ даъвати тирамоҳии ҷавонон барои хидмат дар суфуфи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шурӯъ шудааст ва то 30 ноябр идома хоҳад ёфт.
Маъракаи даъвати ҷавонон бо ҳодисаҳои ҷалби маҷбурии онҳо ба артиш, ки бо номи "облава" бештар маъруф аст, ҳамроҳ мебошад. Матбуоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон ҳар мавсими даъват ба артиш аз мавридҳои ҷалби маҷбурии ҷавонон ва ё зӯроварии кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ нисбат ба даъватшавандагони артиш гузориш медиҳанд. Ин аст, ки ҳодисаи ҳамлаи ногаҳонӣ ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ҳадсу гумонҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки эҳтимол ин муноқиша бар пояи даъвати ҷавонон ба артиш ва ҷалби иҷбории ҷавонон ё “облава” барои хидмат дар артиши Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Аммо масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки қатли ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт "набояд ба ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш ё облава рабт дода шавад". Дар ҳоле ки ба қавли Фаридун Маҳмадалиев -- сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон "комиссариати ноҳияи Сино дар пойтахт аз аввалинҳо шуда рӯзи 2 ноябр нақшаи даъват ба артишро иҷро карда буд".
Маҳмадалиев мегӯяд, ин ҳодиса берун аз маҳалли кори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино рух дода ва ангезаҳояш то ҳол маълум нест. "Тафтишот идома дорад ва мо низ мунтазири посухи мақомоти тафтишотӣ дар ин бора ҳастем," -- афзуд ӯ.
Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон афзуд, агар дар рафти даъвати ҷавонон ба артиш ягон монеа ҳам ба вуҷуд меомад, дар ҳол кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ин кор ҷалб мешуданд. Аммо ба таъкиди ӯ, "маъракаи даъвати ҷавонон ба артиш дар ноҳия Сино ва умуман шаҳри Душанбе ба далели иҷро шудани нақша, алакай ҷамъбаст шудааст".