Ҷон Керрӣ -- вазири корҳои хориҷии Амрико баъди боздидаш аз шаҳри Самарқанд, ки дар қаламрави кунунии Узбакистон ҷойгир аст, аз ин шаҳр тавсиф карда ва гуфтааст, аз рӯи бардоштҳояш Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз садсолаҳо пеш дар Самарқанд ташкил ёфта буд. Ин ҳарфҳои Керрӣ аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ дар ҷараёни боздидаш аз Қазоқистон дар "Донишгоҳи Назарбоев" дар Остона садо дода, аммо тоза тариқи хабаргузории "Рейтер" расонаӣ шуд.
Ӯ дар мавриди Самарқанд гуфтааст, "фикр мекардем, ки Созмони Милали Муттаҳид 70 сол пеш дар Ню-Йорк поягузорӣ шудааст. На, ин ниҳод садҳо сол пештар дар шаҳри Самарқанд таъсис шуда буд". Ҷон Керрӣ рӯзи 1 ноябр дар Самарқанд дар ҳамоиши “С5+1” (5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико) иштирок кард.
Бино ба гузориши Рейтер, котиби давлатии Амрико гуфтааст, пас аз ошноӣ бо навиштаҳои де Клавхио, сафири Кастилия дар дарбори Амир Темур дар Самарқанд ба чунин натиҷагирӣ расидааст.
Ба навиштаи ин сафир, Самарқанд дар чорроҳаи фарҳангӣ ва тиҷоратӣ ҷойгир шуда, дар он ҷо туркҳо, арабҳо, яҳудиҳо, арманиҳо, юнониҳо ва насрониҳои равияҳои мухталиф зиндагӣ карда ва дар бозорҳои ин шаҳр матоъҳои нодири абрешимӣ, маҳсулоти саноатӣ, тилло ва зарфҳои чинӣ ба фурӯш гузошта шудаанд.
Рӯзи 3 ноябри соли ҷорӣ дидори Ҷон Керрӣ, Котиби Давлатии ИМА аз кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом ёфт. Дар ҷараёни ин дидор ҷаноби Керрӣ аз тарҳи ҷадиди “Роҳи Абрешими нав”-и Чин, ки аз манотиқи Осиёи Марказӣ убур мекунад, пуштибонӣ кард. Ӯ гуфт, "дӯстӣ бо як кишвар, сатҳи дӯстӣ бо кишвари дигарро поин намебарад. Мо мехоҳем бо ҳама якҷоя кор кунем ва аз тарҳи умумии “Роҳи Абрешими нав” ҳимоят мекунем".