Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар Ассамблеяи кулли ANOC

Ҳайати намояндагии Тоҷикистон дар Ассамблеяи XX кулли Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар Вашингтон ширкат меварзад.

Ҳайати намояндагии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Ассамблеяи XX кулли Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC), ки рӯзҳои 29-30 октябр дар пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - Вашингтон - баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО), дар кори ин Ассамблея дабири кулли КМО Баҳрулло Раҷабалиев, мудири кулли КМО Муҳаммадшо Абдуллоев ва сардори шӯъбаи варзиш ва маълумоти олимпии КМО Маҳмуд Абдуллоев ширкат меварзанд.

Дар ин ассамблея макони баргузории аввалин Бозиҳои ҷаҳонии соҳилӣ, ки севумин мусобиқоти бузургтарин дар дунё мешаванд, интихоб мегардад. Ба барномаи бозиҳо 15 навъи варзиш дохил мешавад, ки 13-тоашро ANOC ва ду намуди боқимондаро шаҳри мизбони бозиҳо интихоб мекунанд. Мусобиқоти мазкур ба таври расмӣ Бозиҳои ҷаҳонии соҳилии ANOC ном мегирад.

Бояд тазаккур дод, Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (Association of National Olympic Committees, ANOC) соли 1979 таъсис ёфта, соли 1981 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф шудааст. Аз соли 1979 то марти 2012 президенти ANOC Марио Васкес Ранья (Мексика) буд.

13 апрели соли 2012 дар Ассамблеяи XVIII кулли ANOC дар Маскав Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳи кувайтӣ, ки ҳамзамон раиси Шӯрои олимпии Осиё мебошад, президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ интихоб шудааст.