Дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Барномаи мусоидат ба мудирияти сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) бо масъулони ин вазорат баргузор шудааст.
Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин мулоқот, ки рӯзи 23 октябр сурат гирифт, яке аз мавзуъҳои асосӣ, масъалаи мошинҳои рабудашудае буд, ки тайи чанд соли ахир ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Дар ин мулоқот аз ҷумла, полковник Владимирс Загузовс, сардори департаменти маъмурии Хадамоти давлатии сарҳадоти Латвия ва подполковник Раитис Тиликс – менеҷери минтақавии БОМКА ҳузур доштанд.
Масъалаи ворид шудани мошинҳои дуздӣ ба Тоҷикистон борҳо дар баҳсҳои намояндагони ниҳодҳои қудратии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Соли гузашта матбуоти Олмон аз қавли мақомоти гумруки Узбакистон аз кашфи ҳудуди 20 мошини дуздӣ дар масири кишварҳои соҳили Балтик ба Тоҷикистон хабар дода буд.
Дар соли гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои сабти мошинҳои гаронбаҳои воридотӣ 90 рӯз мӯҳлат муқаррар кард, то дар ин муддат аз тариқи "Интерпол" мушаххас карда шавад, ки мошин дуздӣ аст ё на. Мақомот мегӯянд, ин муқаррароти нав барои мошинҳои "седан"-и қиматашон аз 30 000 доллар боло ва барои мошинҳои "Ҷип"-и нархашон аз 40 000 доллар боло таъйин шудааст.
Тасмими вазорати корҳои дохилӣ дар ҳоле гирифта шуд, ки расонаҳои ғарбӣ Тоҷикистонро яке аз бозорҳои “обулой”-и мошинҳои дуздидашуда муаррифӣ карданд. Дар декабри соли 2013 маҷаллаи олмонии «Билд» хабар дод, ки ҳудуди 200 мошини қиматбаҳои BMW-и аз Олмон рабудашуда дар Тоҷикистон пайдо шудаанд.
Тобистони соли гузашта вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кашфи 127 мошини дуздӣ дар ин кишварро эътироф кард, аммо фазосозии иттилотӣ дар атрофи Тоҷикистонро ғайримантиқӣ ҳисобид ва гуфт, дар махзани "Интерпол" 7,6 миллион мошини дуздӣ сабт шудаааст, ки дар қиёс бо он рақаме, ки дар Тоҷикистон кашф шуд, хеле ночиз аст.