Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе манораи 36-метрӣ месозад

Дар пайи созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса, ин кишвари аврупоӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе манораи назоратии 36-метрӣ месозад.

Фаронса дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе манораи назоратии 36-метра месозад. Созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса рӯзи чоршанбеи 21-уми октябр дар иҷлосияи Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо аксарияти орои вакилон ба тасвиб расид.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни муаррифии ин лоиҳаи созишномаи ҳамкорӣ гуфт, ки “манораи 36-метрии назоратӣ бо масоҳати 15 ба 15 метр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби ҳукумати Фаронса бо маблағи 3 миллион доллар сохта шуда ва мӯҳлати бунёди он 15 моҳро дарбар мегирад. Бунёди ин манора имкон медиҳад, то амнияти парвозҳо дар фурудгоҳ ва берун, таъмин карда шавад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Ганҷалзода, “манора мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида ва тавоноии тобовариаш ба 9 дараҷаи зилзила аст”.

Ҷаноби Ганҷалзода афзуд, ки “ҳоло ҳукумати Фаронса барои интихоби пудратчии сохтмони манора дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе озмун эълон кардааст, ки аз миёни ширкатҳои фаронсавӣ интихоб хоҳад шуд”.

Зимнан, лоиҳаи созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса барои бунёди манораи 36 метрӣ ба Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҷониби раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Талоши Фаронса барои бунёди ин манора дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ҳолест, ки соле пеш дар ин фурудгоҳ терминали нави муосир бо сармояи Фаронса фаъол шудааст.

​Тавофуқ рӯи сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе миёни Тоҷикистон ва Фаронса ҳанӯз моҳи августи соли 2008 ҳосил шуда буд. Нақшаи сохтмони терминалро муассисаи «Гипрострой» - и Тоҷикистон анҷом дода, қарор буд ширкати фаронсавии «Caritas” сохтмони онро ниҳоӣ кунад. Аммо дар ин миён баҳсҳои фаннӣ ба вуқӯъ пайваст, аз ҷумла ихтилофи назар сари истифодаи кадом навъи семент. Моҳи ноябри соли 2010 сарвазири вақт Оқил Оқилов аз таъхири ширкатҳои фаронсавӣ ба сафири он замони Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зипер де Фабиани изҳори нигаронӣ кард.

Дар сармоягузории тарҳ низ мушкил пеш омад. Бино ба тавофуқ, сармоягузорӣ бо 20 миллион евро қарзи боимтиёзи ҳукумати Фаронса сурат мегирифт, ки бо 0,15 фоизи солона бояд дар мӯҳлати 39 сол пардохт шавад. Саҳми Тоҷикистон 7 миллион евроро ташкил мекард, аз ҷумла 5 миллион аз ҳисоби худи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе».

Намояндагии ширкатҳои «Sofema group» ва «Alpha airport”, ширкатҳои масъули сохтмони терминал, он замон дар шарҳи таъхири сармоягузории сохтмон гуфта буд, ки баъд аз бӯҳрони иқтисодӣ қимати таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ боло рафта, дар арзиши тарҳ низ тағйирот омад.

Тоҷикистону Фаронса фақат соли 2012 сари сохтмон иттифоқи назар пайдо карданд. Маблағи сармоягузории сохтмон 39 миллион евро муайян шуд - 20 миллион евро - аз фурудгоҳи Душанбе ва 19 миллион евро - аз Фаронса.

Моҳи ноябри соли 2012 сохтмон низ ба ӯҳдаи ширкати дигари фаронсавӣ «Vinci» вогузор шуд, ки 19 марти соли 2013 ба кор шурӯъ кард. Терминалро 10 мутахассиси фаронсавӣ ва 150 сохтмончии тоҷик анҷом доданд. Ҳоло терминал як бинои дуошёнаест, ки метавонад ҳар соат ба 500 мусофир хизмат расонад ва зарфияти яксолааш 1 миллиону 200 ҳазор нафар аст.

Қаблан мақомоти Фаронса сохтмони терминали Фурудгоҳи байнулмилалии Душанберо як гуна сипосгузории кишварашон аз Тоҷикистон хонда буданд, ки аз соли 2001 теъдоде аз низомиёни фаронсавиро ба хотири кӯмак ба нерӯҳои Фаронса дар Афғонистон ҷой дод. Тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 200 афсару сарбоз, 6 тайёраи ҷангии «Мираж» ва 4 тайёраи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса то як ҳафтаи қабл дар фурудгоҳи Душанбе мустақар буданд.