Давлати Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо унсурҳои бунёдгароӣ дар ин кишвар мухолифон ва мазҳабиҳоро саркӯб мекунад. Ин нукта дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди мизони озодиҳои маҳзабӣ дар ҷаҳон, ки шоми 14 сентябр дар шаҳри Вашингтон муаррифӣ шуд, таъкид шудааст. Дар ин гузориш омадааст: “Давлати Тоҷикистон аъзои созмонҳои мамнӯи мазҳабиро на ба хотири иртикоби ҷинояти мушаххас, балки танҳо барои узвият дар ингуна созмонҳо боздошт ва зиндонӣ кардааст."
Дар ин гузориш аз ҷумла гуфта мешавад, ки масалан, 18 августи соли 2014 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон кормандони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон панҷ нафарро ба гумони узвият дар созмони мамнӯи "Салафия" боздошт карданд. Ин афрод ба гурӯҳе, ки ба шеваи дигар дар масоҷид ибодат мекунад ва қавоиди маҳзаби расмии Ҳанафиро риоят намекунанд, шомил шудаанд”. Гузориши вазъи озодиҳои мазҳабии Департаменти давлатии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз рӯи маълумоти фаъолони ҳуқуқи башар, дар давоми шаш
моҳи аввали соли 2014 дар ин кишвар 25 нафар барои узвият дар созмонҳои мамнӯи мазҳабӣ муттаҳам шуданд.
Аз миёни ин нафарон 18 кас дар узвияти "Салафия" ва дигарҳо дар "Ҳизби Таҳрир" ва "Ҷамоати Таблиғ" гунаҳгор ва ба зиндон андохта шуданд. Дар ин гузориш ҳамчунин қазияи Шариф Мираков, як сарҳанги нирӯҳои полиси Тоҷикистон ҳам оварда шудааст, ки ба иттилои муаллифони гузориш, нахустин намояндаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ аст, ки барои барангехтани адовати мазҳабӣ дар додгоҳи Хатлон муҳокима шудааст. Созмонҳои ҷамъиятӣ дар сӯҳбат бо гузоришгарони Департаменти давлатӣ аз таҷрибаи кори худ гуфтаанд, ки дар баъзе ҳолат мақомот бо баҳонаҳои фаннӣ аз сабтиноми созмонҳои мазҳабӣ худдорӣ мекунанд. Айни замон, ҳам ташкилоти мазҳабии сабтиномшуда ва ҳам ғайриқонунӣ мавриди санҷишу тафтишҳои пайвастаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ қарор мегиранд.
Дар давоми соли 2014, менависанд таҳлилгарони гузориши Департаменти давлатӣ, дар Тоҷикистон фаъолияти 128 масҷиди сабтиномнашуда баста шуд ва танҳо 44 масҷиди фаъолияташ боздошташуда дубора ба кор пардохт. Таҳлилгарон дар ин гузориш менависанд, ки маҳдудият дар озодиҳои мазҳабӣ ба намозгузории шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳам таъсир кард ва дар давоми 6 моҳи соли 2014 - 22 нафаре, ки барои адои намоз дар макони ғайримумкин боздошт шуданд, ба маблағи умумии 729 доллар ҷарима шуданд. Зидди 157 нафар парвандаи маъмурӣ шурӯъ шуд.
Аз рӯи итилои расмӣ, феълан 158 ҷавони тоҷик дар кишварҳои исломӣ бо таълими ғайрирасмии мазҳабӣ машғуланд. Дар солҳои гузашта 2896 нафар бо ихтиёри худ аз таҳсил дар кишварҳои исломӣ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Гузориши Департаменти давлатӣ ҳамчунин ба мавзӯи зери назари давлат будани кори имомхатибон таваҷҷӯҳ карда навиштааст, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2014 дар Тоҷикистон аз буҷаи давлат барои кормандони масҷид аз 800 то 1000 сомонӣ маош пардохт мешавад. Барои онҳо давраҳои думоҳаи омӯзиши мазҳаби Имоми Аъзам фароҳам оварда шуд.
Онҳо бо либоси расмии ягона таъмин шудаанд. Мақомот ба матбуот гуфтанд, ки дар ҳама масҷидҳои Тоҷикистон, бахусус дар масҷидҳои ҷомеи кишвар камераҳои сабти видеоӣ насб шудааст. Ин гузориш ҳамчунин ба вазъи занону духтарони намозгузор ҳам таваҷҷӯҳ карда гуфтааст, ки шурӯъ аз соли 2004 ҳузури занон дар масҷидҳои Тоҷикистон манъ аст ва ин қонун то имрӯз ҳам амал мекунад. Барои муҳассилон дар ҳангоми дарс пӯшидани либоси мазҳабӣ, аз ҷумла ҳиҷоб манъ аст ва сару либоси шогирдони мактабу донишгоҳҳо аз ҷониби мақомоти маориф ва маъмурияти мактабҳо назорат мешавад.
Дар вокуниш ба ин гузориш як масъули Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон аксар интиқодҳои гузориши Департаменти давлатии ИМА-ро бепояву асос хонд. Ҳусейн Шокиров рӯзи 15 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон солона худаш ба Амрико ҳисобот медиҳад, ки вазъи озодиҳои динӣ дар кишвар чӣ гуна аст. Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар бештар аз 4000 иттиҳодияи динӣ амал мекунад. Вай гуфт, ки бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти як қатор равияҳои динӣ, ки барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва барангехтани низоъ айбдор шудаанд, мамнӯъ эълон шуданд.
Ба қавли Ҳусейн Шокиров, ҳар ташаккуле, ки амнияти кишварро зери хатар мебарад, мамнӯъ эълон мешаванд, вале ин ба он маъно нест, ки озодиҳои мазҳабӣ ва эътиқоди мардум дар Тоҷикистон зери фишор қарор дорад. Шокиров мегӯяд: “Фаъолияти Ҳиби Таҳрир ё равияи Салафӣ ба амнияти кишвар таҳдид мекард ва ҳукумати Тоҷикистон наметавонист инро нодида бигирад. Барои Тоҷикистон аз ҳама муҳим таъмини амнияти мардум аст. Аъзоёни ин ҳаракатҳо миёни мардум ихтилоф меандохтанд”, гуфт ӯ.
Зимнан, Сафорати Амрико дар Тоҷикистон зимни як баёния дар рӯзи 30 сентябри соли ҷорӣ аз “маҳдуд шудани фаъолияти Ҳизби назҳати исломӣ” ва “таъқиби мухолифон” дар ин кишвар ибрози нигаронӣ карда
буд. Дар ин баёния таъкид шуда буд: “Мо қазияи 4 сентябрро маҳкум мекунем ва манофеи қонунии ҳукуматро дар супурдани ҷинояткорон ба дасти адолат дарк мекунем. Бо ин вуҷуд, аз давлат мехоҳем ҳамлаҳоро ҳамчун баҳона барои саркӯб кардани мухолифон истифода накунад”. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфта буд, тасмими Додгоҳи олии ин кишвар дар мавриди манъи фаъолияти ҲНИТ ба рушди демократия таъсири манфӣ дошта, озодии баёни сиёсиро фурӯ менишонад.
Дар пайи саркӯби гурӯҳи шӯришии генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъи Тоҷикистон дар моҳи гузашта 23 узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба гумони ҳамдастӣ бо ин гурӯҳи шӯришӣ боздошт шуда ва рӯзи 29 сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро “созмони террористию бунёдгаро” эълом ва фаъоляти онро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ кард. Аз сӯйи дигар, ахиран мавзӯъи пӯшиши исломӣ ва доштани риш дар Тоҷикистон доғ шуда, мавориди иҷозаи кор надодан ба занони ҳиҷобпӯш дар бозорҳо ва ба зӯр тарошидани мардони ришдор дар кӯчаю бозорҳои ин кишвар ба мушоҳида расидааст. Афзун бар ин, баҳсҳо дар атрофи ҳиҷобу ришаз марзҳои Тоҷикистон убур карда, ба мавзӯъи байналмилалӣ мубаддал шуд.