Вазорат: Қасри президент ва бинои парлумон осори таърихиянд

​Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ки биноҳои Кохи раёсати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси Олӣ дар маркази Душанбе аз соли 1972 боз шомили феҳристи осори таърихию меъморӣ мебошанд.

Дар ҳоле ки бар асоси Нақшаи куллӣ ё генералии шаҳри Душанбе қасри раёсати ҷумҳурӣ ва бинои парлумон тахриб ва ба ҷои онҳо сохтмонҳои нав қомат хоҳанд афрохт, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ки ин ду бино аз соли 1972 боз дар феҳристи осори меъморию таърихии кишвар қарор доранд. Музаффар Азизӣ -- сардори Шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг рӯзи 13 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин нуктаро тасдиқ кард ва гуфт, то ҳол масъалаи тахриби ин биноҳо маслиҳат нашудааст.

Ҳафтаи гузашта Кумитаи сохтмон ва меъморӣ расман эълон кард, ки бар асоси Нақшаи куллии Душанбе биноҳои Қасри раёсати ҷумҳурӣ, парлумон, чойхонаи “Роҳат” ва театрҳои Лоҳутиву Маяковский, воқеъ дар хиёбони марказии пойтахт тахриб хоҳанд шуд. Нуралӣ Саидзод, муовини аввали раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, феҳристи ин биноҳо аз сӯи мақомоти Душанбе мушаххас гардида, ба қавли ӯ, ин биноҳои қадимиро сохтмонҳои ҳозиразамон иваз хоҳанд кард.

Ин эълони мақомот дар тӯли як ҳафтаи ахир норозияти баъзе фаъолони ҷамъятиро ба бор оварда, даҳҳо тан аз корбарони Интернет нуқтаи назари худро алайҳи тахриби биноҳои даврони Шӯравӣ дар пойтахти кишвар баён доштанд.

Аз ҷумла, Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, “барои мисол, чойхонаи “Роҳат” ин на танҳо бинои зебои миллӣ, балки хотирае аз овони самимияту арзонӣ ва бақадрии инсонҳост. Қасри президенти имрӯза фақат ёддошт аз гирдиҳамоиҳову хунрезиҳои аввалин надорад, дар ин макони таърихӣ Тоҷикистони мустақил бандубаст шуда. Бинои парлумон барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аз он ҷиҳат арзишманд аст, ки Эъломияи истиқлолро дар он қабул кардаанд.”

Ҳоло дар Интернет матни муроҷиати як гурӯҳ аз сокинони Душанбе ба номи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе нашр ва ҷамъоварии имзо ба зери он идома дорад. То кунун ҳудуди 200 нафар аз ин муроҷиатнома ҳимоят кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, як корманди Раёсати иттилоот ва таҳлили ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи 13 октябр дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати дастрас шудани чунин як муроҷиатнома мақомот онро баррасӣ ва нуқтаи назари худро бо далелҳо баён хоҳанд дошт. “Ҳоло чунин муроҷиатнома нарасидааст,” – гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Бо ин ҳол, гурӯҳе аз сокинони Душанбе дар муроҷиати худ ба номи президенти Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе гуфтаанд, аз тахриби биноҳои, ба қавли онҳо, таърихии пойтахт ҷилавгирӣ шавад. Онҳо мегӯянд, баъзе аз ин биноҳо, мисли Қасри раёсати ҷумҳурӣ ва бинои парлумону чойхонаи “Роҳат” ба як рамзи Душанбе табдил ёфтаанд ва гузашта аз он ин биноҳо даврони Шӯравиро бозгӯ мекунанд. “Ин ҳама як бахши муҳими таърихи Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд,” – таъкид доштаанд номанависон.

“Дар ҳоле ки имрӯз тамоми ҷаҳон ба ҳар васила шакли қадимии шаҳрҳоро ҳифз мекунанд, мо ҳақ надорем, биноҳоеро, ки бо муҳаббати падарону бобоёни мо сохта шудаанд, аз байн бубарем... Инҳо фақат як бино нестанд, инҳо таъриханд. Таърихи шаҳри мо ва кишвари мо,” – афзудаанд онҳо.

Дар идома муаллифони нома гуфтаанд, дар ин солу замон мефаҳманд, ки бунёди биноҳои баландошёна ва марказҳои тиҷҷорӣ бисёр муҳим аст, вале онҳо мегӯянд, ҳудуди Душанбе имкон медиҳад, ки чунин бино бе тахриби қасри президенту чойхонаи "Роҳат" ва бинои парлумону театрҳои Лоҳутӣ ва Маяковский сохта шаванд.

Тасмим барои тахриби биноҳои феълии дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, шаҳрдорӣ, чойхонаи “Роҳат” ва театрҳои Лоҳутиву Маяковский замоне гирифта шудааст, ки Тоҷикистон гирифтори паёмадҳои бӯҳрони молист. Аммо масъулон мегӯянд, иҷрои ин тарҳҳо, ба эҳтимоли зиёд на танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷа, балки бо истифода аз кӯмаки соҳибкорону ширкатҳо сурат мегирад.

Татбиқи Нақшаи генералии бозсозии симои Душанбе аз чанд соли пеш шурӯъ шудааст.

Шаҳри Душанбе соли 1924, ҳамчун пойтахти Тоҷикистони мухтор дар ҳайати Ӯзбакистон қомат рост карда буд. Соли 1929, замоне ки Тоҷикистон як ҷумҳурӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ шуд, ба он Сталинобод ном гузоштанд ва то соли 1961 бо ин ном буд. Баъди ин номи қадимаи худ Душанберо баргардонд. Ҳоло тибқи омори расмӣ аҳолии пойтахт ба беш аз 800 ҳазор нафар мерасад, ҳарчанд шумори воқеии ғайрирасмии ҷамъияти Душанбе метавонад хеле бештар аз ин рақам бошад.