"Ҷаъфар Ат-Тайёр", ки ба ҳайси нахустин фидоии Мовароуннаҳр маъруф шуда ва навори видеоии ҳамлаи интиҳорияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир гардид, дар Қирғизистон шиносоӣ шудааст. Тоҳир Рахитов, сокини Сузоқи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон, дар телефони ҳамроҳи яке аз дӯстонаш ин наворро дида, дар он писараш Бобур Исроиловро шинохтааст.
Ӯ дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфтааст, Бобурро баъд аз марги ҳамсараш дар соли 1995 ба ихтиёри модарбузургаш супурда буд. "Модарбузургаш гуфт, ки Бобур ягона нишона аз духтараш аст ва бояд ҳамроҳи ӯ бимонад ва ман ҳам ин хоҳиши ӯро рад накардам. Баъд аз он ман аз нав оиладор шудам ва ҳоло соҳиби се писар ва ду духтар ҳастам."
Ба қавли Тоҳир Рахитов, баъд аз марги модарбузургаш тарбияти Бобур Исроилов ба уҳдаи тағояш Ҳамидулло Боқиров вогузор шудааст. "Агар шахсан худам ӯро ба воя мерасондам, шояд ин тавр намешуд. Ман мехоҳам, ҳамаи волидон ба фарзандаони худ аҳамият диҳанд ва нагузоранд, ки онҳо ба масири нодуруст бираванд," -- афзудааст Рахитов.
Ҳамидулло Боқиров, сокини узбактабори ноҳияи Сузоқи Қирғизистон, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Бобур Исроилови 21-сола ду соли пеш барои пулёбӣ ба Русия рафта буд. Ба қавли Боқиров, "пас аз хатми мактаби миёна, моҳи ноябри соли 2013 барои дарёфти кор ба Русия рафта буд. Бори охир моҳи марти соли гузашта бо ӯ суҳбати телефонӣ доштем. Баъд аз ин, Бобур бе дарак шгуд ва мо фикр кардем, ӯ ба кори худ банд аст."
Гурӯҳи "Имом Бухорӣ", ки ба Толибон байъат кардааст, рӯзи 18 сентябри соли ҷорӣ навори видеоии "Нахустин фидоии Мовароуннаҳр"-ро пахш кард, ки дар он Ҷаъфар Ат-Тайёр озими амали интиҳорӣ буд. Дар навор ин ҷавон дар дохили зиреҳпӯш (БТР)-и пур аз маводди мунфаҷира (тарканда) хайрбод гуфта ва аз тарсу ҳарос ашк мерехт. Аммо ҷангиёни бузургсолу ботаҷруба ӯро таскин дода мегуфтанд: "Додарам Ҷаъфар, натарс!"
Ҳамидулло Ботиров баъди дидани ин навор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "вақте гиряи хоҳарзодаамро дидам, дарк кардам, ки ӯро ба таври иҷборӣ ба ҳамлаи интиҳорӣ мефиристанд. Яъне, ҷангиёни калонсол хурдсолону бетаҷрубаҳоро ба худкушӣ мефиристанд. Охир, дар ин ҷо мусалмон бо мусалмон меҷангад ва ин ҷиҳод нест."
Қабл аз ҳамлаи интиҳории "Ҷаъфар Ат-Тайёр" хабаре дар бораи амалҳои худкушии ҷангиёни узбак дар Сурия пахш нашуда буд. Зимнан, ҷангиёни узбак дар саффи ду гурӯҳи "Имом Бухорӣ" ва "Тавҳид вал-Ҷиҳод" дар амалиёти ҷангӣ алайҳи нерӯҳои давлати Сурия иштирок доранд.
Дар наворҳои видеоӣ, ки ин ду гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир кардаанд, дар шаҳраки Фуаи Сурия боз 5 ҳамлаи интиҳорӣ рух дода, вале рӯшан нест, ки дар онҳо ҷангиёни узбак ширкат кардаанд, ё на.