"Нахуст лизинг" ҳавопаймоҳояшро бозпас гирифт

Ширкати “Нахуст лизинг”, яке аз аввалин ширкатҳои лизингӣ дар бозори молияи Тоҷикистон, се ҳавопаймои тамғаи "Боинг"-ро, ки ба ширкати “ТоҷикЭйр” ба иҷора дода буд, бозпас гирифт.

Ин ширкат аз соли 2008 ба ин сӯ бо муассисаи давлатии "ТоҷикЭйр" ҳамкорӣ дошт ва бахше аз парвозҳои "Тоҷикэй"р бо истифода аз "Боинг"-ҳои "Нахуст лизинг" анҷом мешуданд. "Нахуст лизинг” аз сӯи бонкдори маъруфи тоҷик Тоҷиддин Пиров таъсис ёфтааст.

Мунаввар Муллочаев, сухангӯи ширкати “ТоҷикЭйр” рӯзи 9 сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабари бозпас гирифтани ҳавопаймоҳоро тасдиқ кард ва гуфт, ки "ТоҷикЭйр" аз ин баъд парвозҳоро бо истифода аз парки ҳавопаймоҳои худ анҷом хоҳад дод. “Ширкати мо қаблан бо назардошти ҳавопаймоҳои “Нахуст лизинг” 37 ҳавопаймо дошт. Инҳо се ҳавопаймояшонро бозпас гирифтанд ва ҳоло 34-то боқӣ мондаст. Аммо ҳоло танҳо 5 ҳавопаймо коршоям аст ва парвозҳо анҷом медиҳанд”, изҳор намуд сухангӯи "Тоҷикэйр"

Тоҷиддин Пиров, муассиси ширкати "Нахуст лизинг"

Муллочаев афзуд, аз сӯи "Нахуст лизинг" бозпас гирифтани ҳавопаймоҳояш ба нақшаи парвозҳои "ТоҷикЭйр" таъсир надоштааст. Аз миёни ҳамаи хатсайрҳо танҳо хатсайри Душанбе− Урумчӣ гоҳо бо зиёни ширкат анҷом меёбад, вале мо дар бораи қатъ ё мутаваққиф кардани парвозҳо дар ин хатсайр тасмим нагирифтаем, гуфт Мунаввар Муллочаев.

Масъулони “ТоҷикЭйр” аз ифшои ҷузъиёти додугирифт бо “Нахуст лизинг” ва сабабҳои қатъи ҳамкории ду ширкат худдорӣ мекунанд.

Аммо як манбаи наздик ба доду ситади онҳо ба шарти набурдани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ТоҷикЭйр” вақтҳои ахир ҳаққи иҷораи ҳавопаймоҳои “Нахуст лизинг”−ро пардохт намекард. Аз ин рӯ “Нахуст лизинг” ҳавопаймоҳояшро бозпас гирифт. "Нахуст лизинг" тамғаи ширкати “ТоҷикЭйр”-ро аз рӯи ҳар се ҳавопаймоҳои “Боинг” пок карда, яке аз онҳоро ба ширкати “ОсмонЭйр”−и Эрон иҷора додааст.

Масъулони “Нахуст лизинг” барои ба иҷора додани ду ҳавопаймои дигар ҳам коршарик меҷӯянд.

Ҳарчанд "ТоҷикЭйр" мегӯяд, ки қатъи ҳамкорӣ бо "Нахуст лизинг" ба нақшаи парвозҳои ширкат таъсире надошт, манбаи мо мегӯяд, ки вазъи ин ширкати ҳавопаймоии давлатӣ чандон хуб нест. Бино ба иттилои худи “ТоҷикЭйр”, ширкатдар 9 моҳи соли равон 283 миллиону 700 ҳазор сомонӣ даромад доштааст. Дар ҳоле, ки хароҷоти он 291 миллиону 500 ҳазор сомонӣ будааст. Яъне ширкат дар ин муддат 7 миллону 800 ҳазор сомонӣ зиён дидааст.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки вазъи ширкати “ТоҷикЭйр” маҳз пас аз реструктуризатсия ё тағйироти сохторӣ, ки бо талаби созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, сурат гирифт кирифт, вахимтар шуд.

Тоҳир Суяров собиқадори арсаи ҳавопаймоӣ мегӯяд, баъд аз тағйироти сохторӣ “ТоҷикЭйр” бо мушиклоту қарзҳояш тани танҳо монд. "Барои пеш бурдани соҳаи авиатсия бархурди коплексӣ ва ё ҳамаҷониба зарур аст. Дар ин ҷо як зумра масъалаҳое ҳаст, ки бояд дар сатҳи ҳукумат баррасӣ шаванд. Аз ҷумла, масъалаи гаронии сӯзишворӣ, омода набудани фурудгоҳҳо ба талаботҳои байналмилалӣ, вобастагӣ аз мутахассисони беруна - ҳамаи ин аз омилҳое ҳастанд, ки монеи рушди на танҳо ин ширкат, балки монеи рушди соҳаи ҳавопаймоӣ шудааст, гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ

Ҳоло дар Тоҷикистон се ширкати ҳавопаймоии дохилӣ -"СомонЭйр", "ТоҷикЭйр" ва "ИстЭйр", ҳамчунин 20 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ вориди бозори мусофирбариянд. Аммо Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон ба хотири ҳимояти ширкатҳои дохилӣ ба хориҷиҳо иҷоза намедиҳад, ки нархи чиптаҳояшонро поин бубаранд. Аз ин рӯ нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна хело болотар аст.