Дар нашри дуввуми Китоби Сурхи Тоҷикистон, ки баъди 27 сол рӯйи чоп омад, барои аввалин бор сангпушт ва гурбаи даштӣ ба гурӯҳи ҷонвароне шомил шудаанд, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд. Ҳамчунин чанд навъе аз ҷонварони калонҷусса, мисли гӯсфанди навъи “Серетсова”, муши саҳроӣ, бухороӣ, мори печони шарқӣ ва мори доманакӯҳӣ ҳам аввалин бор ба китоби Сурх ворид шудаанд.
14 намуди моҳӣ, аз ҷумла гулмоҳӣ, ки дар Тоҷикистон серистеъмол аст, ба ҳадди нестӣ расидааст. Бо ҷой гирифтан дар Китоби Сурх, акнун истеъмоли ин навъи моҳӣ нисбатан маҳдуд мешавад. Саршумори шабпараку сӯзанак ва бархе аз навъҳои калтакалосу паррандаҳо низ дар Тоҷикистон нигаронкунанда арзёбӣ шудааст. Бар асоси феҳрасти нашри нави Китоби Сурх ду навъи паланг, аз ҷумла паланги Тӯронӣ ва шерпаланг аз табиати Тоҷикистон нобуд шудаанд.
Дар маҷмӯъ, дар Китоби Сурх беш аз 400 растаниву, ҷонварони нодир гирдоварӣ шуда, ба гуфтаи масъулин, омилҳои мухталиф аз ҷумла аз худ кардани зиминҳо, истифодаи нодурусти замин ва шикори бемавриду баъзан қочоқ шудани ҷонварон теъдоди ҷонварону растаниҳои дар ҳоли нобудиро бештар ва ҳаҷми ин китобро бузургтар кардааст. “Барои мисол, истифодаи мавзеи сукунати ҷонварон ба сифати чарогоҳ,боис ба кам шудани саршумори ҷонварону хазандаҳо шудааст,” -- мегӯяд Шодибек Қурбон, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зимни таҳияи феҳрасти Китоби Сурх, олимон сари баъзе аз ҷонварону растаниҳо баҳсу мунозираҳо доштанд. Аз ҷумла, ворид кардани сангпушт ба Китоби Сурхро, ки ба гуфтаи ҷаноби Қурбонов, захираи он дар Тоҷикистон чандон кам набуд, баъзеҳо қобили қабул намедонистанд. Аммо ба гуфтаи вай, дар воқеъ, сангпушт дар Тоҷикистон солҳои ахир осебпазир шудааст. Ӯ ба вижа аз афзоиши ҳолатҳои қочоқи сангпушт ба кишварҳои дигар ёдоварӣ карда гуфт, “бо шомил шудани ин ҷонвар ба Китоби Сурх вазъи ҳифзи он беҳтар хоҳад шуд”. Дар Тоҷикистон фақат як навъи сангпушт -- даштии осиёмиёнагӣ вуҷуд доштааст.
Аз растаниҳо ба ин китоб пиёзи анзур, камол, зира, гулҳои бунафашаву савсан шомил шудаанд. Дар пайи тадқиқоти олимону муттахасисон, ки рӯйи Китоби Сурх кор кардаанд, муайян шудааст, ки ин растаниҳо дар натиҷаи ҷамъоварии нодуруст ба нестӣ расидаанд. Олимон сари сиёҳалаф - як ғизои баҳории мардуми тоҷик ҳам баҳс карда, ба хотири серистеъмол будани он дар Тоҷикистон аз шомил карданаш ба гурӯҳи растаниҳои нодир худдорӣ намудаанд. Аммо онҳо пешниҳод доранд, ҷамъоварии ин гиёҳ, ки эҳтимоли нобуд ё кам шуданаш вуҷуд дорад, ба танзим дароварда шавад ва мавзеъҳои мушаххас барои ҷамъоварии он пешбинӣ шавад.
Китоби Сурхи Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳ олимону муттахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Академияи илмҳо ва бо кумаки молии Созмони Авруосиё дар давоми 5 сол таҳия шудааст. Китоб ба теъдоди 1000 нусха нашр шуда, тибқи рӯйхати ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои давлатӣ тақсим мешавад.
Барои ҳифзи ҷонварону растаниҳои нодир олимону муаллифони Китоби Сурх чанд тавсия ҳам пешниҳод кардаанд. Аз ҷумла, онҳо пешниҳод доранд, мавзеъҳои чарогоҳ дар Тоҷикистон маҳдуд ва муайян шаванд ва тартиби ҷамъоварии баъзе намудҳои растаниву гиёҳҳое, ки зери хатар қарор доранд ба танзим дароварда шаванд.
Дар Китоби Сурхи Тоҷикистон, ки як ҳуҷҷатӣ давлатӣ аст, оид ба намудҳои нодир ва зери хатари нестшавӣ қарор доштаи олами набототу ҳайвонот маълумот ҷамъоварӣ шудааст. Ин китоб бори аввал соли 1988 бо забони русӣ ва баъдтар соли 1997 бо забони давлатӣ, вале бидуни тағир нашр шуда буд. Дар нашри нахустини он 162 намуд ҷонварони нодир шомил шуда буд, аммо нашри дуввуми он аз 222 намуд ҷонварони нодир иборат аст.
Олами набототу сарвати бебаҳои як кишвар маҳсуб меёбад, ки онҳо барқарорнашавандаанд ва ва дар ҳоли нест шудани ин сарватҳо, мувозинати экологӣ ба ҳам мезанад. Олимон мегӯянд, ҳар ҷонвар хусусияти вижа ва фоидаовари худро ба табиат дорад ва дар ҳоли кам шудани яке мувозинати экологӣ гум мешавад ва ин ҳам боис ба сар задани мушкилоти дигар дар бахши муҳити зист мегардад. Аз ин рӯ, ҳар растаниву ҷонваре, ки ба Китоби Сурх ворид шудаааст, зери ҳимояи давлат қарор дорад ва барои шикору маҳви он муҷозот дар шакли ҷазои маъмурӣ ва ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
Барои мисол, шикору маҳви ҷонварони калонҷусса то 1000 доллар ҷарима дорад.Аммо барои шикору нест кардани 12 навъи ҷонваре, ки дар рӯйхати Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдои набототу ҳайвоноти ёбоӣ вориданд, аз ҷумла гусфанди кӯҳии “Марко Поло” муҷозот то 2 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.