Чӯпонҳои тоҷик умри худро дур аз хонавода дар минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ мегузаронанд. Аммо мегӯянд, чӯпони касбест, ки дар ҳама давру замон ба кор меояд. Ҳусейн Ёқубов, чӯпони 70-солаи сокини ноҳияи Данғара зиндагии худро ба ду фасл қисмат карда, шаш моҳ - аз оғози тобистон то тирамоҳро дар кӯҳистони салқин ва баҳору зимистон дар водиҳои гарм сипарӣ мекунад.