Мақомот: ҲНИТ қасди ҳамла ба иншооти муҳимро доштааст

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар таҳрезии ҳамлаҳо ба биноҳои муҳими давлатӣ муттаҳам мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон шаби 21 сентябр бо нашри як гузориши телевизионӣ Раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар тарҳрезии ҳамлаҳо ба чанд иншооти муҳими давлатӣ муттаҳам карданд.

Дар ин гузориш, ки дар шабакаи телевизиони "Сафина" пахш шуд, гуфта мешавад, ки мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қасд доштаанд, аз ҷумла, дар Кумитаи радио ва телевизион, бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамлаҳоеро роҳандозӣ кунанд.

Тибқи ин гузориш, ки аз номи муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пахш шуд, гуфта шуд, ки нақшаи ин ҳамлаҳо ҳини бозҷӯии ниҳодҳои амниятӣ аз дафтари кории масъулони ҲНИТ пайдо ва мусодира шудааст.

Санҷиши дурустии ин иттиҳом имкон надорад. ​Эълони иттиҳомоти нав алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи 17 сентябр Додситонии кулли Тоҷикистон раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва 13 узви баландпояи онро барои ҳамдастӣ бо ҳамлаҳо дар Ваҳдат ва Душанбе муттаҳам донист. Ба дунбол 13 узви ҲНИТ билофосила аз сӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон боздошт шуданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки дар хориҷа ба сар мебарад, тамоми иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистонро зидди ӯ ва раҳбарони ҳизб бепояву асос хонда комилан рад кард.

Амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим, ки 12 рӯз идома кард, дар пайи ду ҳамлаи мусаллаҳонаи субҳи 4 сентябр ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва ба як посгоҳи милиса дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ”-и Душанбе, ки дар маҷмӯъ 9 тан аз нирӯҳои милисаро кушта бар ҷой гузошт, оғоз ёфт.

Мақомот масъулияти таҳия ва раҳбарии ин ҳамлаҳоро ба дӯши муовини вазири дифоъ генерал-майор Абдуҳалим Назарзода гузошт. Гуфта шуд, ки генерал Назарзода бо истифода аз мақом аз дастгоҳи марказии вазорати дифоъ миқдори зиёди силоҳро бо худ бурдааст, вале бахши аъзами ин таслиҳотро дар ҳамон рӯзи аввали амалиёт дар дараи Ромит кашф ва мусодира кардаанд. Худи ҳамон рӯз Назарзода бо далели“бинобар содир кардани ҷиноят” аз мақомаш барканор шуд.