"Hamsinfon.tj" ба корбаронаш ҷоиза ваъда кард

Шабакаи иҷтимоии “hamsinfon.tj” тасмим гирифтааст, ки бо ваъдаи тақдими ҷоизаҳои пулӣ, сафи корбаронашро зиёд кунад.

Дар ҳоле, ки шабакаи иҷтимоии Одноклассники – пуртарафдортарин шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аз рӯзи 6 сентябр ба ин сӯ дар ин кишвар дастнорас аст, шабакаи навтаъсиси “Ҳамсинфон” барои корбарони фаъолаш то 200 сомонӣ ҷоиза таъин кардааст. Ин шабакаи иҷтимоӣ як соли пеш бо ҳадафи пур кардани ҷои холишудаи Одноклассники роҳандозӣ шуд буд.

Фирӯз Амиров, як масъули шабакаи иҷтимоии “Ҳамсинфон” 10 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳи дуввум аст, ки шабака барои корбарони фаъолаш мукофотпулӣ таъин кардаву мехоҳад ин иқдомро минбаъд низ идома диҳад. Ҷоизаи пулии ин шабака барои муштариёнаш аз 50 то 200 сомонист, ки дар даҳҳаи аввали моҳ ба “муштариёни фаъол” тақдим мешавад.

Амиров мегӯяд, онҳо “соҳибони ҷоизаро” ба се гурӯҳ тақсим ва аз рӯи чанд шарт интихоб мекунанд: “Муштариёне, ки акси зиёд нашр мекунанд, соатҳо дар ин шабака онлайн ҳастанд, сафи дӯстонашон бештар аст, саҳфаҳоро меписанданд ва шарҳи зиёд менависанд, аз сӯи масъулони шабакаи “Ҳамсинфон” барояшон мукофотпулӣ тақдим мешавад”.

Ҳоло ин шабакаи иҷтимоӣ бештар аз 3000 корбар дорад, ки аксаран ҷавонон мебошанд.

Аҳмад ҷавоне, ки аъзои шабакаи “Ҳамсинфон” аст ва дӯстони зиёде дорад, мегӯяд, дар ин шабакаи иҷтимоӣ ҳама дашному ҳақоратҳое, ки менависанд, ба нафари дигар намерасад. “Аввал ин, ки ин шабака дар домени “тҷ” аст ва ворид шудану истифода аз он хеле осон аст. Баъд ин, ки ҳама чиз дар он пурра назорат мешавад ва корбарон наметавонанд ҳангоми мушоират ба ҳамдигар таҳдид ва ё дашном диҳанд. Як фарқияти ин шабака он аст, ки имкони паҳн кардани кардани наворҳои фаҳшу муҳтавои ифротидошта ва ҳам тамоми сӯҳбатҳои корбарон, вуҷуд надорад”.

Ин нахустин шабакаи иҷтимоии сирф тоҷикӣ нест. Қаблан низ талош шуда буд, то шабакаҳое бо номҳои Дӯстон, Vipnet.tj, Парта ва ё Созандагон таъсис бидиҳанд, вале ин тарҳҳо чандон комёб нашуд. Вале масъулони ин шабака мегӯянд, бо роҳандозии чунин ҷоизаҳо мехоҳанд, ҷойгоҳи ин шабакаро миёни корбарони истифодабарандаҳои интернет мустаҳкам нигоҳ доранд.

Аммо бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, шабакаи “Ҳамсинфон” дар дохили кишвар хостери тоҷикистонӣ аст ва аз эҳтимол дур нест, ки мақомот барои назорати ҳушу зеҳни корбарон аз ҷумла ҷавонон дастрасии бештар хоҳанд дошт.

Аммо Асомиддин Атоев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасон аз иқдоми ин шабакаи иҷтимоӣ истиқбол мекунад ва мегӯяд хуб аст, ки Тоҷикистон ҳам соҳиби шабакаи иҷтимоии худ бошад. Аммо бо таҷриба ба чанд талошҳо вай мегӯяд, ин шабакаҳо наметавонанд ҷойгузини шабакаҳои бонуфузи мисли Фейсбуку Однокласникии русӣ бошанд.

“Аммо ин ташаббус ба он хотир аст, ки “Ҳамсинфон” мехоҳад дар бозори шабакаҳои интернетӣ мавқеашро нигоҳ дораду корбаронашро зиёд кунад. Вале он, ки ин шабака дар домени тҷ аст ва таҳти контрол гирифтани шабакаҳо дар фазои рақами имконпазир мебошад, чандон бад нест. Агар мақомоти дахлдор талоши зери назорат гирифтанро дошта бошанд, ин хуб аст нисбат ба он ки ин гуна шабакаҳо ғайриқонунӣ назорат шаванд.”

“Ҳамсинфон” як соли пеш дар пайи басташавиҳои пайдарпайи шабакаи иҷтимоии Одноклассники дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд ва таъсисдиҳандаҳояш мегуфтанд, ин саҳфа метавонад ҷойгузини Одноклассники дар кишвар шавад. Дар ҳоли ҳозир ин шабака бо беш аз 3 ҳазор корбаронаш бо Одноклассникии русӣ рақиби ҷиддӣ нест, аммо масъулонаш талош доранд бо тақдими ҷоизаҳои пулӣ теъдоди корбарони шабакаашонро бештар кунанд.

Ин шабака як соли пеш бо ташабусси қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадафаш ҳам зоҳиран ҷилавгирии ҷавонон аз гароиши ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва назорат шудани ҳушу зеҳни ҷавонон аз сӯи мақомот унвон мешуд.

Шабакаи Одноклассники, ки бо беш аз 200 000 корбар пуртарафдортарин шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, барои мисол, дар ин кишвар ҳатто нисбат ба шабакаи Фейсбук чаҳор маротиба бештар корбар дорад, аз 6 сентябр дар саросари Тоҷикистон масдуд шуд.