Додситонии Кӯлоб тафтиши парвандаи 7 сарбозу афсари русро, ки ба авбошӣ дар шаби 28-уми июл дар ин шаҳр муттаҳам мешаванд, ба поён расондааст. Ҳоло ин парванда барои муҳокима ба намояндагии додгоҳи низомии Русия дар назди пойгоҳи 201-уми ин кишвар дар Тоҷикистон супурда шуда, аммо ҳанӯз замони мурофиа маълум нест.
Қаблан гуфта мешуд, 20 сарбозу афсарони рус дар “парвандаи авбошӣ”, ки марбут ба ҳодисаи шаби 28-уми июл дар Кӯлоб аст, ҷалб шудаанд. Аммо як манбаъ аз мақомоти интизомӣ гуфт, тафтишот маълум кард, ки дар ҳодисаи ҷанҷоли шаби 28-уми июл танҳо ҳафт тан аз сарбозону афсарони рус даст доранд. Ҳоло ин сарбозону афсарон бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне авбошӣ айбдор дониста мешаванд.
Аммо сокиноне, ки дар пайи авбошии сарбозону афсарони пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб зиён дидаанд, мегӯянд, ба ҳисоби онҳо на ҳафт, балки 13 нафар дар ҷанҷоли он шаб даст доштанд ва маълум нест, ки чаро танҳо нисбат ба 7 тани онҳо парванда боз шудааст.
Ба гуфтаи шоҳидон шоми 28-уми июл гурӯҳе аз сарбозону афсарони рус дар ҳолати мастӣ ба хиёбон баромада, бетартибӣ кардаанд. Онҳо дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, тақрибан 200 метр дуртар аз девори пойгоҳи низомии Русия ба як “Маркази букмекерӣ” - ҷое, ки ҷавонон натиҷаҳои бозиҳои футболро пулакӣ пешгӯӣ мекунанд, ҳамла намуда, тирезаҳои онро шикастанд ва чанд тан аз ҷавонони маҳаллиро маҷрӯҳ карданд.
Дар натиҷа ба “Маркази букмекерӣ” даҳ ҳазор сомонӣ зарари молӣ расидааст. Ба гуфтаи сокинон, ҷавононе, ки дар ин марказ машғули бозӣ будаанд, ба сарбозон муқовимат карданд ва фаврӣ ба пулис хабар доданд. То расидани пулиси маҳаллӣ низомиёни рус тарбузҳои тарбузфурӯшони маҳаллиро низ зери лагад қарор додаанд ва ҳангоми сангандозӣ тирезаҳои ду хонаи истиқоматиро низ шикастаанд.
Ба дунболи ин, гурӯҳи дигари низомиёни рус вориди “Маркази букмекерӣ” шуда, навори дурбини назоратиро, ки дар он саҳнаи ҳуҷуми сарбозон ба “Маркази букмекерӣ” сабт шуда буд, нобуд кардаанд. Аммо пулис мегӯяд, ки як нусхаи ин наворро дастрас кардааст. Гуфта мешавад, ки аксари низомиён бар асоси навори дурбинҳои назоратии“Маркази букмекерӣ” ба бозпурсӣ ҷалб шудаанд.
Манобеи наздик ба тафтишот мегӯянд, ки шаби ҳодиса масъулони сатҳи поёнии пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб талош кардаанд, ки қазияро бидуни боз кардани парвандаи ҷиноӣ ҳал кунанд, аммо мақомот ба ин пешниҳод розӣ нашуданд.