Ширкати гуштигирони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Лас-Вегас

​Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии варзишӣ дар Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат доранд.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии варзишӣ, ки 7 сентябр дар шаҳри Лас-Вегаси аёлати Невадаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шурӯъ шуд, ширкат доранд. Ин сабқати ҷаҳонӣ дар маҷмааи варзишию дилхушии "Орлинс-арена" то рӯзи 12 сентябр идома хоҳад кард.

Ширкаткунандагони мусобиқот дар ҳарсе намуди олимпӣ — гуштии юнониву румӣ, гуштии озод ва гуштии занона - барои маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Бояд гуфт, ки ин аввалин мусобиқаи квалификатсионӣ пеш аз Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳсуб мешавад. Гуштигироне, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои 1-6-умро мегиранд, роҳхатҳои олимпиро ба даст меоранд.

Шарафи варзиши Тоҷикистонро дар мусобиқаи навбатии қаҳрамонии ҷаҳон шаш гуштигир ҳимоят мекунанд.

Дар намуди гуштии юнониву румӣ Тоҷикистонро Хусрав Облобердиев (то 66 кг), Некрӯз Мирхоҷаев (то 71 кг) ва Муродҷон Тӯйчиев (то 130 кг) таҳти раҳбарии сармураббии мунтахаби кишвар Ҳабиб Абдуллоев намояндагӣ мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии озод бо раҳбарии сармураббӣ Абдурозиқ Олимов се варзишгар - Баҳодур Қодиров дар вазни зери 84 кг, Искандари Рустам дар вазни зери 97 кг ва Фарҳод Аннақулов дар вазни зери 125 кг - дохиланд.

Се рӯзи аввал (7-9 сентябр) сабқати гуштии юнониву румӣ ва се рӯзи баъдӣ (10-12 сентябр) сабқати гуштии озод баргузор мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштӣ ин сабқати байналмилалии гуштигирони ҳаваскор буда, таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии услубҳои муттаҳидаи гуштӣ (FILA) баргузор мешавад. Дар доираи қаҳрамонии ҷаҳон мусобиқа оид ба гуштии юнониву румӣ (классикӣ) байни мардон (аз соли 1904), гуштии озод миёни мардон (аз соли 1951) ва миёни занон (аз соли 1987) барпо мегардад.

Бояд тазаккур дод, дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар ин навъҳои гуштӣ аз Тоҷикистон танҳо як варзишгар - Юсуф Абдусаломов - соли2007 дар Бокуи Озарбойҷон дар вазни зери 84 кг медали нуқра ба даст овардааст.