Дача, корхонаи нонпазӣ, асп, мурғ... Эълони дороиҳои Ҳоҷӣ Ҳалим

Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ мегӯяд, ки генерал Абдуҳалим Назарзода молики корхонаи нонпазӣ, хоҷагии деҳқонӣ, фабрикаи мурғпарварию асппарварӣ ва се истироҳатгоҳ дар ноҳияи Варзоб будааст.

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон ба ҳисобукитоби дороиҳои генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини барканоршудаи вазири дифоъ, сар кардааст. Назарзода барои ҳамлаҳои мусаллаҳонаи 4 сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат муттаҳам мешавад ва ҳоло амалиёти боздошташ дар дараи Ромит идома дорад. Ӯ баъд аз зӯҳри чоруми сентябр бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ва он ҳам "барои содир кардани ҷиноят" аз муовинии вазири дифоъ барканор шуд.

Ҳанӯз гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ санҷиши худро дар бораи дороиҳои ин генерали дар ҳоли фирор ба поён нарасондааст. Аммо мақомоти интизомӣ бо нашри як гузориши махсус ҳисобҳои пешакӣ дар бораи молу амволи Ҳоҷӣ Ҳалимро эълон карданд. Ин гузориш шоми 7 сентябр тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон пахш шуд ва дар он гуфта шуд, ки ӯ моликияти зиёд дошта, баъзеи онро ғайриқонунӣ соҳиб гардидааст.

Аз ҷумла, бар асоси ин гузориш, Ҳоҷӣ Ҳалим дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе соҳиби корхонаи нонпазӣ буда, ба иддаои мақомот онро ғайриқонунӣ аз худ карда будааст. Ба иттилои мақомот, гӯё Назарзода дар дохили ин корхона як хонаи сеошёна низ пӯшида, гоҳо дӯстонашро дар онҷо ҷамъ меовардааст.

"Дар Варзоб се истироҳатгоҳи бузург бо номи "Зафар" дорад, ки гаронбаҳоянд. Бинои Донишкадаи геодозии Академияи илмҳоро дар маҳаллаи Қаротегин аз худ карда, баъд аза таъмир онро ба хонаи истиқоматӣ табдил додааст. Дар 50 гектар замини атрофи ин донишкада худсарона нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, хоҷагии ёрирасон барои парвариши нигоҳдории чорво ташкил намудааст," -- таъкид шуд дар ин гузориш.

Инчунин, бино ба тафтишоти мақомот Абдуҳалим Назарзода молики як хоҷагии деҳқонӣ бо номи "Тобистон" будааст, ки заминҳояшро ба иҷора додаанд. Назарзода дар ин гузориш ҳамчун молики фабрикаи мурғпарварӣ ва асппарварӣ низ муаррифӣ шуд.

Муаллифони гузориш гуфтанд, ки фабрикаи мурғпарварии "Тарз" низ ба Абдуҳалим Назарзода тааллуқ дошта, аммо чанде пеш ба маблағи 500 ҳазор доллар ба Саъдулло Бафоев фурӯхта шудааст.

Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ толори варзишии "Лидер" дар шафати кӯчаи Зебуннисо ва тарабхонаи "Зайтун"-у кафе-бари "Бахтиёр"-ро низ ба ӯ мутааллиқ донистаанд. Фермаи чорвои калону майда ва асппарварӣ дар Рашт, 5 хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониш ва ошёнаи сеюми як бинои сеошёна дар хиёбони Рӯдакӣ-187-и шаҳри Душанбе низ аз дороиҳои генерали фирорӣ гуфта шуданд.

Агарчӣ дар ин гузориш дар бораи хонаводаи Абдуҳалим Назарзода чизе гуфта нашуд, аммо ҳангоми шумориши дороиҳояш як мағозаи фурӯши маҳсулоти чорво ва коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳияи Варзоб аз зани севумаш муаррифӣ шуд.