Сафири Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки онҳо рӯзи сешанбеи 8 сентябр дари худро дубора боз карда, ба фаъолияташон идома хоҳанд дод. Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи чоруми сентябр, дар пайи задухӯрдҳои мусаллаҳонаи нерӯҳои давлатӣ бо гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, дар пойтахт ва шаҳри Ваҳдат корашро қатъ карда ва аз шаҳрвандонаш хоста буд, ки ҳатто аз фиристодани фарзандони худ ба мактабҳо худдорӣ кунанд.
Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Душанбе, рӯзи 5 сентябр низ дар саҳифаи Фейсбуки худ аз шаҳрвандони Амрико хост, ки аз сафар ба берун аз пйотахт худдорӣ карда, аз ҳузур ёфтан дар миёни мардуми зиёд парҳез намоянд.
“Мақомоти Тоҷикистон таҳқиқи ҳамлаҳои рӯзи чоруми сентябрро идома медиҳанд ва дар робита ба ин тадобири шадиди амниятӣ андешида шудааст. Ҳарчанд дар ҳоли ҳозир вазъ дар Душанбе ором аст, аммо аз шаҳрвандони Амрико хоста мешавад, аз сафар тариқи роҳ ба берун аз Душанбе худдорӣ кунанд. Чун дар атрофи пойтахт амалиёти нерӯҳои давлатӣ идома дорад,” –афзудааст сафир.
Дар ин паёми Сюзан Эллиотт гуфта мешавад, ки сафорати Амрико ба ин тартиб рӯзи 8 сентябр, яъне пас аз ҷашни Рӯзи меҳнат дар Амрико корашро оғоз мекунад. “Сафорат мӯшикофона ҳодисаҳоро пайгирӣ дорад ва дар сурати зарурат иттилои бештар хоҳад дод,” – гуфтааст сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе.
Рӯзи чоруми сентябр сафоратхонаи Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон низ аз шаҳрвандонаш даъват карда буда, ки шадидан эҳтиёткор бошанд. Дар изҳороте, ки дар сайти сафоратхона дар Душанбе нашр шудааст, гуфта мешавад, ки рӯзи 4 сентябр дар наздикии фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе задухӯрди мусаллаҳонае бо иштироки нерӯҳои амниятӣ сурат гирифт.
“Дар ин ҳодиса чанд нафар кушта шуд. Мақомоти тоҷик ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва дар минтақа тадобири шадиди амниятӣ ҷорӣ шудааст. Эҳтимоли такрори чунин ҳодисаҳо дар оянда водор мекунад, ки сафоратхона шаҳрвандони Бритониёи Кабирро ба эҳтиёткории шадид даъват кунад ва машварат медиҳад, ки хабарҳои охирро аз матбуоти маҳаллӣ пайгирӣ кунанд,” – гуфта шудааст дар изҳороти сафорат.
Пойгоҳи 201-уми Русия низ гуфт, ба далели ҳамлаҳо воҳидҳои низомиаш дар Душанбе ва Қӯрғонтеппа ва Кӯлобро ба низоми омодабош гузарондааст.