Сайёрае бо номи Тоҷикистон байни Миррих ва Муштарӣ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 1 сентябр дар ҷараёни баргузории Рӯзи сулҳу дониш дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб шаҳодатномаи "сайёраи хурди системаи офтобӣ"-ро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тақдим кард.