4000 сомонӣ ҷарима барои нашри аксҳо дар Фейсбук

Амирбек Исоев

​Дар Тоҷикистон барои нахустин бор як ҷавонро барои нашри аксҳои як шабнишинӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ 4000 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Барои нахустин бор дар Тоҷикистон як нафарро барои нашри аксҳо дар шабакаи Фейсбук ҷарима бастаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Амирбек Исоев, як маркетологи 25-солаи сокини шаҳри Душанберо рӯзи 10 июл барои нақзи қонуни танзими расму ойинҳо ва маросимҳо 4 000 сомонӣ ҷарима баст ва ҳафтаи гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми ҷаримаи Исоевро бетағйир боқӣ гузошт.

Амирбек Исоев рӯзи 25 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин моҷароро чунин қисса кард: “5 июни соли ҷорӣ, ёдам ҳаст, ки рӯзи ҷумъа буд ва мо, 13 нафар аз дӯстон, ба муносибати анҷоми ҳафтаи корӣ дар “Irish Pub” ҷамъ омадем. Як торт ҳам фармоиш додем, вале ягон хел шамъу нӯшбодгӯӣ ва мисли чизҳои хоси зодрӯз набуд онҷо. Ман чанд акс аз он шабнишинӣ дар саҳифаам дар Фейсбук нашр кардам. Вале ҳафтае баъд маро ба додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъват карданд ва гуфтанд, ки барои нақзи қонуни расму ойин алайҳи ман парвандаи маъмурӣ кушодаанд.”

Аммо Ғайрат Сангинзода, қозии мурофиаи парвандаи Амирбек Исоев ва раиси додгоҳи ноҳияи Исмоимили Сомонӣ дар ҳукми ҷаримаи ӯ гуфтааст, Амирбек Исоев рӯзи 5 июн 25-сола мешуд ва дӯстонашро маҳз барои таҷлили зодрӯзаш ба “Irish Pub” даъват карда буд. Сангинзода дар ҳукмаш афзудааст, ки аксҳои нашркардаи Амирбек Исоев дар Фейсбук ва изҳори ташаккураш ба дӯстон барои ширкат дар ин шабнишинӣ иддаои ӯ дар бораи гӯё ба хотири бозии “мафия” ҷамъ шудани ӯву дӯстонаш дар “Irish Pub”-ро рад мекунанд.

Ғайрат Сангинзода феълан дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад, вале дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар таҷрибаи мурофиаҳои додгоҳии онҳо ин бори аввал аст, ки як нафар ба далели нашри аксҳои зодрӯзаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷарима баста мешавад.

Худи истифодаи постҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳайси далели шайъӣ дар муҳокимаи парвандаҳо низ дар Тоҷикистон хеле ангуштшумор аст. Мониторинги шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон то кунун бештар барои таъқиби мубаллиғони гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла ҷангиёни тоҷик дар Сурияву Ироқ ва созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, бо шумули ҳаводорони “Гурӯҳи 24” истифода мешуд.

Амирбек Исоев мегӯяд, ду моҳ боз бекор аст ва ҳоло, баъди рад шудани шикояташ аз сӯи додгоҳи шаҳрӣ, дигар ба тақдир тан додаву дар ҷустуҷӯи пули ҷарима мебошад: "Ман пештар фикр мекардам, ки қонуни танзими расму ойинҳо алайҳи онҳоест, ки дар баргузории маъракаҳо ба исроф роҳ медиҳанд, яъне пулчошӣ мекунанд. Мардуми сарватманд ба ҳамон гунае, ки буд, маърака ороста истодаанд, вале мардуми бесоҳибро рӯз намедиҳанд. Мо ҳамагӣ 13 кас будем ва он шаб дар “Irish Pub” 540 сомонӣ сарф кардем ва ҳар кас пули худашро худаш дод. Ҳоло маро 4000 сомонӣ ҷарима бастанд, ки ҷамъ карданаш дар шароити Тоҷикистон чанд моҳро талаб мекунад."

Қонуни зиддунақизи танзими расму ойинҳо дар Тоҷикистон дар соли 2007 қабул шуд. Ин қонун баргузории тӯйу худоиҳоро бо ширкати ҳамагӣ аз 40 то 150 нафар ва таҷлили зодрӯзро танҳо дар муҳити хонавода маҳдуд кардааст. Барои нақзи ин қонун ҷаримаҳо ба маблағи то 4000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.