Додгоҳи иқтисодии Душанбе бо дархости Додситонии кулли Тоҷикистон шоми 24 август қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахтро бастааст. Ин кор дуруст бист рӯз пеш аз анҷумани ҳисоботӣ ва интихоботии ҲНИТ сурат мегирад ва ба қавли масъулони ҳизб дар ин шабу рӯз пеш омадани чунин мушкил низ тасодуфӣ набудааст. Дар ҳоле ки ба қавли онҳо ба эҳтимоли зиёд анҷуман дар толори ҳамин бино мегузашт.
Аммо масъулони додгоҳ гуфтаанд, ин кор на ба фаъолияти ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ, балки ба баҳси ҳалношудаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ бо соҳибмулки асосии бино рабт дорад. Ҳарчанд дар ин қазия аз ягон нафари мушаххас ном бурда намешавад, вале ба қавли мақомот гӯё бинои қароргоҳи марказии ҲНИТ ғайриқонунӣ харидорӣ шуда, ба ширкати "Тиҷорат" тааллуқ доштааст.
Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, суд-иҷрочиён ба дари қароргоҳи онҳо муҳр зада, то ҳал шудани баҳс даромадан ба биноро манъ кардаанд. Ӯ мегӯяд, тамоми асноди ҳизб ва чопхонаашон дар дохили қароргоҳи марказист ва ҳоло бо баста шудани дари бино гӯё бе дасту пой мондаанд.
"Вакилони мудофеи мо гуфтанд, ки мақомот барои анҷоми як чунин кор ҳақ надоранд, вале ҳамин хел шуд. Гуфтанд, то ҳал шудани кор муваққатан муҳр зада шуд. Ягон имкони даромадан нест. Ҳама ҷоро маҳкам карданд," -- афзуд ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бастани қароргоҳи марказии ҲНИТ баъди ду ҳафтаи муҳр задани чопхонааш сурат мегирад. Ду ҳафта пеш намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи андоз, "Тоҷикстандарт" ва Идораи санитарӣ-эпидемиологӣ бо мактуби Вазорати фарҳанг ба қароргоҳи ҲНИТ омада,
фаъолияти матбаашро мавриди санҷиш қарор доданд. Дар пайи санҷиш ба далели вуҷуди камбудҳои беҳдоштӣ фаъолияти чопхонаи ҲНИТ муваққатан манъ шуд. Чопхонаи ҲНИТ аз соли 2000-ум ба фаъолият шурӯъ карда, дар он ба ҷуз “Наҷот” маҷаллаҳо ва китобҳову дастуроти ҳизб низ чоп мешуд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо 45 ҳазор узваш аз аҳзоби умдаи мухолиф ба ҳисоб мерафт. Ин ҳизб дар интихоботи моҳи марти парлумонӣ аз ду курсияш маҳрум шуд ва мақомот гуфтанд, ки ҲНИТ нуфузашро аз даст додааст ва видеои зиёди сокинон ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, ки мегуфтанд, баъди ин аз узвият дар ҲНИТ даст кашидаанд.
Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳам гуфт, даҳҳо аризаи узви Ҳизби наҳзатро тариқи почта дарёфт кардааст, ки бо хоҳиши худ аз ин ҳизб рафта, ташкилоти ибтидоияш дар баъзе аз маҳалҳоро барҳам додаанд. Аммо масъулни ҲНИТ мегӯянд, ки ин аризаҳо таҳти фишори мақомот навишта шудааст ва аз эътибор соқит дониста мешавад.
Ҳоло раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷа ба сар мебарад ва дар ҷаласаҳои ҳизбаш низ маҷозӣ, яъне тариқи Интернет иштирок мекунад. Ӯ дар нимаҳои моҳи марти соли ҷорӣ аз Тоҷикистон берун рафта, гуфта буд, ки баъд аз як муддати табобат ва иштирок дар ҳамоишҳо дубора ба Ватан бармегардад.
Вале баъдан Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ӯ хост, ки муваққатан ба Тоҷикистон наояд, чун ба иддаои онҳо эҳтимоли ҷисман аз байн бурдани ӯ вуҷуд дорад. Муҳиддин Кабирӣ аз соли 2006, пас аз даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раҳбарии ҲНИТ-ро бар дӯш дорад ва ҳоло дар матбуот эҳтимоли ба ҷойи ӯ омадани нафари дигар дар анҷумани ҳисоботӣ ва интихоботии моҳи сентябри ҳизбаш ҳадс зада мешавад.
Бархе аз таҳлилгарони сиёсӣ низ дар ҳоли ҳозир се фарзияи "ояндаи ҲНИТ"-ро пешбинӣ мекунанд, ки аввалаш ҳам дар сари ҳизб боқӣ мондани худи Кабирист. Дувумаш ба раҳбарии ҲНИТ расидани Муҳаммадҷони Нурӣ, писари Сайид Абдуллоҳӣ Нурӣ ва севумаш ба ҷиноҳҳо тақсим ва ба ин тариқ аз саҳнаи сиёсӣ канор рафтани ҳизби мухолифи наҳзати исломист. Худи раҳбарияти ҲНИТ низ аз эҳтимоли тағйироти кадрӣ дар ҳизбашон сӯҳбат мекунанд, аммо мегӯянд, ҳамагуна тасмимро дар ин замина раёсати олӣ ва анҷумани ҳизб хоҳад гирифт.