Як сокини Душанбе барои дуздӣ даҳ сол зиндонӣ шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳи шаҳри Душанбе Маҳмадҷон Додарбекови 21-соларо, ки ба қавли тафтишот фақат дар чор моҳ 52 бор дуздӣ кардааст, ба даҳ соли зиндон маҳкум кард. Бо ин ҳукм бори севум аст, ки Маҳмадҷон пушти панҷараи зиндон меравад.