Дар як задухӯрд миёни сокинони деҳаҳои Истиқбол ва Қурғони вилояти Самарқанди Узбакистон беш аз дусад нафар иштирок карда, даҳҳо тан бо дасту пойи шикаста ва гӯши бурида ба бемористон интиқол ёфтаанд. Ин ҳодиса дар авоили моҳи августи соли ҷорӣ рух дода, аммо ҳоло тавассути манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ расонаӣ гардид. Яке аз ин манбаъҳо бидуни зикри номаш гуфтааст, задухӯрди миёни сокинони ду деҳа ҷанҷоли одӣ набуд.
"Дар рустои Истиқбол асосан узбакҳо ба сар мебаранд, ки онҳо аз табақаи “қул” ё “ғулом” гуфта мешаванд. Дар он ҷо омӯзишгоҳе аст, ки мудиру устодонаш низ аз ҳамон маҳалланд, вале бархе аз донишҷӯёнаш аз деҳаи Қурғон, маъруф ба хонаводаи “бекҳо” ё “хоҷаҳо” мебошанд. Гуфта мешавад, бачаҳои бекҳо ҳамеша аз сӯи “қулҳо” мавриди фишор қарор дошта, аз онҳо талаб мешудааст, ки ҳар моҳ ба андозаи 1 доллар, муодили 5 ҳазор сум андоз супоранд. Ин мушкил рӯзи 7 август ба охираш расид ва дар назди омӯзишгоҳ ҷавонони ду деҳа ҷамъ омада, қазияро баррасӣ карданд," -- шарҳ додааст манбаъ.
Ӯ афзудааст, ҷавонон аз ду тараф бо сангу чӯб ва “арматура” мусаллаҳ буданд ва дар пайи ин задухӯрд даҳҳо тани онҳо ба бемористон интиқол ёфтаанд. "Воқеан, задухӯрди даҳшатбор буд," – ба ёд овардааст мусоҳиби бахши узбакии Радиои Озодӣ.
Ба қавли вай ҳатто маъмурони пулис натавонистаанд издиҳоми ҷавононро пароканда кунанд: "Баъдан аз худи вилояти Самарқанд маъмурони ОМОН омада, ҷавононро ором карданд. Бо дасту пойҳои шикаста ва гӯшҳои дарида даҳҳо нафар ба бемористон фиристода шуданд."
Як мусоҳиби дигари бахши узбакии Радиои Озодӣ аз ноҳияи Қошрабоди вилояти Самарқанд мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир маъмурони пулис дар миёни рустоҳои Истиқбол ва Қурғон хайма зада, навбатдорӣ мекунанд. Ба қавли ӯ, кормандони пулис намегузоранд, ки як сокини Истиқбол ба Қурғон ва ё баръакс равуо намояд.
Ҳоло таҳқиқи ин задухӯрдро раёсати корҳои дохилии вилояти Самарқанд ба уҳда гирифтааст. Як корманди ин раёсат дар сӯҳбат ба бахши узбакии Радиои Озодӣ ин иттилоъро тасдиқ кардаст. “Инро намешавад кинаву адовати миллӣ ё нажодӣ гуфт. Ин моҷаро фақат ба маҳалли баромади ҷавонон, ки яке аз табақаи хоҷаҳо ва дигаре аз ғуломон аст, рабт дорад. Вазъ дар ин деҳаҳо ҳоло таҳти назорати маъмурони пулис аст,”-хулоса кардааст ӯ.