Ошпазе аз Қӯрғонтеппа соҳиби "Кафгири тилоӣ" шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Карим Ҳалимов аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳайси ошпази беҳтарин эътироф ва рӯзи 22 август дар ҷамъбасти фестивал - озмуни “Оши палав” дар Душанбе соҳиби кафгири тилоӣ шуд. Оқои Ҳалимов дар ошхонаи бозори "Фаровон"-и маркази маъмурии вилояти Хталон ба кор мекунад. Ин ҷашнвора дар ҳолест, ки ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам ҳукумати Узбакистон дар талоши ҷаҳонӣ кардани оши палав ҳастанд. Дар Тоҷикистон, бино ба як пажӯҳиши донишмандони Академияи илмҳо, то 300 навъи оши палав мавҷуд аст, вале дар санадҳо барои ЮНЕСКО ҳамчун намуна тақрибан даҳ навъи ош, аз ҷумла, “оши бедона”, “оши гӯшти мурғ”, “палави токӣ”, “оши девзира”, “оши кенҷа”, “оши як ба як” оварда шудааст.