Аввалин Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон

​Дар Тоҷикистон аввалин Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба ҳаракати олимпӣ байни ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.

Аз 24 то 29 август дар Душанбе аввалин Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба ҳаракати олимпӣ байни ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барпо мегардад. Ин олимпиада бо ташаббуси Академияи миллии олимпии Тоҷикистон ва кӯмаки молиявии Хазинаи байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ доир хоҳад шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Умеда Юсуфова, сухангӯи Академияи миллии олимпӣ рӯзи 21-уми август хабар дод. Вай афзуд, “ҳадаф аз баргузории Олимпиада омӯзиши таърихи пайдоиш ва рушди ҳаракати олимпӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни ҷавонони кишварҳои ИДМ мебошад. Ба барномаи олимпиада санҷиши дониши назариявӣ роҷеъ ба таърихи ҳаракати олимпӣ дар ҷаҳон ва мусобиқот аз рӯи намудҳои маъмули варзиш, ба мисли давидану ҷаҳидан, турниккашӣ ва ғайра дохиланд. Ғолибон бо медалу ҷоизаҳо сарфароз мешаванд”.

Ба гуфтаи хонум Юсуфова, дар ин олимпиада 60 нафар духтарону ҷавонони синашон аз 18 то 25-сола аз 8 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Украина ва Узбакистон - ширкат хоҳанд кард.