Баҳси "Амонатбонк" бо саҳмдорони хоҷагиҳои Вахш то куҷо хоҳад расид?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон муҳокимаи баҳси "Амонатбонк" ва 164 саҳмдори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Вахш оғоз ёфт. Ба қавли саҳмдорон, қарзи бонкиро соҳиби пештараи замин гирифта буд ва бояд ӯ дар назди додгоҳ ҷавоб гӯяд, на онҳо.