Аминҷон Гулмуродзода ду сол зиндонӣ шуд (2 ВИДЕО)

Аминҷон Гулмуродзода ҳамагӣ чанд лаҳза пеш аз эълони ҳукмаш дар назди бинои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ. 18 августи 2015

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аминҷон Гулмуродзода, корманди Маркази маҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ва писари марҳум Пайванди Гулмуродро ба ҷурми сохтакории ҳуҷҷат 2 сол зиндонӣ кард.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 18 август Аминҷон Гулмуродзода, корманди Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ва писари марҳум Пайванди Гулмурод, декани собиқи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллиро ба ҷурми сохтакории ҳуҷҷат ду сол аз озодӣ маҳрум кард. Гулмуродзода дарҳол баъд аз эълони ҳукмаш дар толори додгоҳ ба ҳабс гирфта шуд ва Хуршед Исозода, додраси парванда гуфт, ки вай ин муҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш умумӣ паси сар хоҳад кард. Оқои Исозода гуфт, Аминҷон Гулмуродзода бар асоси моддаи 340, қисми 2, банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "сохтакории ҳуҷҷатҳо бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар, такроран" гунаҳкор эътироф шудааст.

Мусоҳибаи Аминҷон Гулмуродзода пеш аз додгоҳ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аминҷон Гулмуродзода бовар дошт, ки дар додгоҳ сафед хоҳад шуд.

Қаблан Абдумӯъмин Каримзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хоста буд, ӯро ба чор соли зиндон маҳкум кунад.

Аминҷон Гулмуродзода ба он айбдор мешавад, ки гӯё соли 1989 бо ёрии

Марҳум Пайванди Гулмурод

падараш Пайванди Гулмурод аз бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС-и ноҳияи Рӯдакӣ шаҳодатномаи таваллуд гирифтааст, ки ба бовари мақомоти тафтишот қалбакӣ мебошад. Ба иддаои мақомоти тафтишотӣ Аминҷон бо истифода аз ин шаҳодатнома аз мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ соли 1998 соҳиби шиноснома шудааст. Мақомот дар ин ҷиноят, ҳатто марҳум Пайванди Гулмурод, падари Аминҷони Гулмуродзодаро низ шарик медонанд.

Тафтишоти муқаддамотӣ нисбат ба ин парвандаро раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе ҳанӯз моҳи апрел оғоз карда ва моҳи июл ба поён расонда ва барои баррасӣ ба додситонии шаҳри Душанбе фиристода буд. Додситонии шаҳри Душанбе пас аз омӯзиши парванда онро барои баррасӣ ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ пешниҳод кардааст.

Аммо Аминҷон Гулмуродзода иддаои мақомотро рад карда ва гуфта буд, ҳеч гуна сохтакории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби вай сурат нагирифта ва шаҳодатномаи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба ҳуввияташро дар чорчӯби қонун гирифтааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аминҷон Гулмуродзода ду сол зиндонӣ шуд

Аминҷон Гулмуродзода 1 январи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2003 факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст. Аз соли 2002, яъне замони донишҷӯӣ, муҳаррири адабии рӯзномаи донишҷӯёни факулатаи журналистикаи ДМТ – “Қалам” фаъолият карда ва баъдан дар нашрияҳои “Факты и комментарии”, “Маърифати Омӯзгор”, Радиои Озодӣ кор кардааст. Солҳои охир корманди Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон буд.

Аминҷон Гулумуродзода фарзанди марҳум Пайванди Гулмурод, номзади илми филологӣ, дотсент ва бунёдгузории Рӯзи матбуоти тоҷик аст, ки ҳар сол 11 март таҷлил мегардад. Шодравон Гулмуродзода, солҳои 1992 то соли 1996 дар вазифаи муовини декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 1996-2001, 2005-2006 ба ҳайси декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият карда буд.

Пайванди Гулмуродзода моҳи апрели соли 2013 дар синни 56-солагӣ бар асари бемории сактаи қалб вафот кард.