Коммунистони тоҷик бовар доранд, ки касе бастани ҳизбашон ҷуръат нахоҳад кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муовини аввали раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков мегӯяд, ҳизби онҳо дар саргаҳи истиқлоли давлати муосири тоҷикон қарор дошт ва доимо манфиати давлатро аз манфиати ҳизб боло гузоштааст. Ӯ бовар надорад, ки касе ба бастани ҳизби онҳо ҷуръат мекунад.