Видео аз танӯрҳои оҳакпазӣ дар Хуросон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳар сол дар фасли тобистон дар ҷамоати Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон танӯрҳои оҳакпазӣ низ ба кор даромада, бо дуди ғализи худ фазоро ғуборолуд, аммо бо оҳакашон хонаҳои мардумро сафед мекунанд.

Мақомоти Хатлон мегӯянд, ки дар ин ҷамоат ҳоло чор ширкат ба оҳакпазӣ машғул буда ва ҳар кадомашон аз ду то се хумдон доранд. Ба иттилои идораи омори вилоят, танҳо ҳамин сол ин ширкатҳо ба маблағи 235 ҳазор сомонӣ оҳакро ба бозор ироа кардаанд.

Имсол барои анҷоми кор дар ин хумдонҳо ҳудуди даҳ наврас низ ҷалб шудаанд. Онҳо дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сангҳои сафедро аз кӯҳҳо ҷамъоварӣ карда, дар дохили хумдонҳо мегузоранд ва ба зераш оташ монда, то як ҳафта онро мепазанд. Яке аз наврасон, ки машғули кашондани хокистари хумдонҳо буд, гуфт, онҳо дар айёми таътили тобистона ба ин кор машғул шуда, бо маблағи кор кардаашон либос ва дафтару китоб мехаранд.

Файзалӣ Давлатов, яке аз коргарони ин хумдонҳо гуфт, ҳадаф аз ҷалби наврасон омӯзиш додани кор ба насли нав аст, то дар минбаъда шеваи оҳакпазиро аз ёд набаранд. Ӯ гуфт, аммо ин наврасон танҳо дар вақти таътил ба ин ҷо барои кор меоянд ва дар вақти дарс худи калонсолон корро идома хоҳанд дод. Дар бораи маош ва дигар "сирри" хумдонҳо ҳамаи онҳо ба раисашон такя мекарданд, агарчӣ аз ӯ ному насаб намегирифтанд.

Бозори фурӯши оҳак дар Тоҷикистон асосан дар фасли тобистон гарм мешавад. Чунки дар ин фасл аксари сокинон дар минтақаҳо хонаҳояшонро таъмир ва бо истифода аз оҳак девори аз дуди бухорӣ тирашудаашонро сафед мегардонанд.

Айни видео дар Ютуб: