Занони тоҷик чӣ мепӯшиданд? Намоиши либосҳои асри 19 ва 20

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар пайи баҳсҳои “бегонапарастӣ” ва таблиғи либоси миллӣ миёни занон дар осорхонаи вилояти Суғд гӯшаи нави либосҳои асри 19 ва 20 таъсис ёфтааст. Дар ин гӯша даҳҳо навъи либос ва рӯймоли занону тоқии мардон гузошта шудааст, ки онро масъулон дар тӯли сӣ соли охир аз хонаҳои мардуми шаҳри Хуҷанд, маркази устони Суғд, гирд овардаанд.