Тоҷикистон аз бемории вараҷа халос шудааст

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бемории вараҷаро, ки солҳои 90-ум дар байни даҳҳо ҳазор нафар паҳн шуда буд, тақрибан аз байн бурдаанд ва эҳтимол дорад, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Тоҷикистонро кишвари орӣ аз вараҷа эълон кунад.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва сартабиби санитарии Тоҷикистон, рӯзи 8 август ба Радиои Озодӣ гуфт, соли 2014 дар кишвар фақат ҳафт мавриди сирояти бемории вараҷа сабт шуд, вале имсол ҳеч кас ба ин беморӣ гирифтор нашудааст.

Мувофиқи муқаррароти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, агар дар ду соли оянда ҳам вазъ ҳамин гуна идома ёбад ва вараҷа ба касе сироят накунад, дар он сурат Тоҷикистон кишвари орӣ аз ин беморӣ эълон мешавад. Расидан ба ин ҳадаф, ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, барои Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат муҳим аст.

"Дар баробари онки нишондиҳандаи беҳтар шудани вазъи сиёсӣ ва беҳтар шудани вазъи солимии аҳолӣ аст, илова бар ин на танҳо ба иқтисоди дохилӣ, балки ба робитаҳои байналмилалӣ таъсири мусбат мерасонад. Яке аз нишондиҳандаҳои саёҳати хориҷиён мавҷуд будан ва ё набудани бемориҳои сироятӣ аст," -- мегӯяд ӯ.

Бемории вараҷаро дар Тоҷикистон дар аҳди Шӯравии собиқ аз байн бурданд, вале ҷанги дохилии солҳои 90-ум, дар баробари балоҳои дигар вараҷаро низ ба сари кишвар овард. Соли 1997-ум 30 ҳазор нафар ва бино ба гузоришҳои дигар 120 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шуданд, ки ба инсон асосан аз пашша ва ё хомӯшак сироят мекунад. Садҳо ҳазор паноҳандаи тоҷик, ки ба Афғонистон гурехтанд, аз онҷо бо вараҷа баргаштанд ва беморӣ дар миёни аҳолӣ бахусус вилояти Хатлон доман паҳн кард.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ гуфт, иҷрои чанд барномаи давлатӣ барои маҳви ин беморӣ ва чорабиниҳо барои аз байн бурдани маконҳои зиёдшавии кӯрпашша, аз омилҳои коҳиши сироят дар байни мардум шуд. Ҳамингуна дар соли 2005 фақат 2400 мавриди сирояти вараҷа дар Тоҷикистон сабт шуд ва дар соли 2008 ба 318 ҳодиса расид.

Ҷаъфаров саҳми созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва Барномаи Рушди Созмони Милалро зикр кард, ки барои то ба нестӣ овардани бемории вараҷа дар Тоҷикистон ёрӣ кардаанд. Бунёди глобалӣ, ки ба Тоҷикистон барои мубориза бо вараҷа кумак мекунад, то кунун бештар аз 10 миллион долларро барои иҷрои барномаҳо дар ин самт ҷудо кардааст.

Юнус Мирзоалиев, ҳамоҳангсози барномаҳои мубориза бо вараҷа дар намояндагии Барномаи Рушди Созмони Милал дар Тоҷикистон гуфт, иҷрои барномаҳо дар минтақаҳои хуруҷи беморӣ имкон дод, теъдоди бештари мардум аз вараҷа эмин монанд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ки муборизаи Тоҷикистон барои маҳви бемории вараҷаро арзёбӣ кардааст, мегӯяд, бо вуҷуди пешрафтҳо дар ин самт, сирояти ин беморӣ аз Афғонистон як хатари бузург боқӣ мемонад. Юнус Мирзоалиев ҳам ба ин гуфта мувофиқ аст. "Эпидемиология гуфтанӣ чиз аст ва касе гуфта наметавонад, ки соли дигар мо аз вараҷа халос мешавем. Ин бемории сироятӣ аст. Аз сабаби онки мо шаш пул бо Афғонистон боз кардем ва дар онҷо минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ аст, онҷо мардум меоянд, харидуфурӯш мешавад, боз муҳоҷирон ҳастанд."

Тоҷикистон дар гузашта ва соли 1997 бемории хатарноки фалаҷи атфолро аз байн бурд ва соли 2002 аз тарафи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, кишвари орӣ аз фалаҷи атфол эълон шуд. Аммо ин беморӣ соли 2010 баргашт ва ба 440 нафар сироят кард ва теъдоде аз онҳо бахусус кӯдаконро кушт, ҳарчанд баъди ваксинзании саросарӣ дигар ҳеҷ кас дар Тоҷикистон ба ин беморӣ гирифтор нашудааст.