Эҷодкорӣ дар Тоҷикистон. Барои ном, нон ё пешрафт?

Бинои "Кохи Наврӯз" дар Тоҷикистон

Дар ҳоле, ки Martin Prosperity Institute дар раддабандии Global Creativity Index мардуми Тоҷикистонро аз нигоҳи эҷодкорӣ дар зинаи пойин қарор додааст, таҳлигарон натиҷаи ин таҳқиқотро дур аз ҳақиқат медонанд.

Дар Шохиси ҷаҳонии халлоқият Шохиси ҷаҳонии халлоқият, ки ҳамасола аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи Маrtin Prosperity таҳия дода мешавад, Тоҷикистон поинтар аз ҳама кишварҳои Шӯравии собиқ ҷой гирифт. Дар ин раддабандӣ, ки бар пояи 3 меъёр - истеъдод, таҳаммулпазирӣ ва рушди фанноварӣ - асос ёфтааст, Тоҷикистон аз лиҳози фанноварӣ дар ҷойи 106-ум, истеъдод - 90 ва таҳаммулпазирӣ дар ҷойи 80-ум гузошта шуд. Тавре ба назар мерасад, дар миёни кишварҳои Шӯравии пешин Тоҷикистон аз лиҳози ихтироъкорӣ аз ҳама ақиб ва аз нигоҳи истеъдод дар сатҳи миёна арзёбӣ шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки таҳлилгарони тоҷик, чунин натиҷагириро қабул надоранд ва онро ғайримунсифона донистанд. Ба қавли онҳо, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зарфияти Тоҷикистон нисбат ба хеле аз ин кишварҳо болотар ва дастовардҳояш низ бештар аст. Шакки онҳо аз он ҷо маншаъ мегирад, ки муаллифони гузориш бештар ба халлоқияти моддӣ тамаркуз кардаанд.

Дилшод Раҳимӣ, фолклоршинос мегӯяд, мардуми тоҷик ҳамеша истеъдоди фитрӣ ва майл ба эҷодиёти маънавӣ дошт: "Ба гунаи мисол, дар миёни кишварҳои Шарқ ва ҷаҳон яке аз ғанитарин фолклор, ин фолклори тоҷик аст. Ҳоло дар миёни мардум эҷодкорӣ бештар дар бахши адабиёт, фарҳанги шифоҳӣ, мусиқӣ ва наққошиву кандакорӣ ва рассомӣ рушд кардааст. Агар таҳлил кунем, қисме аз эҷодкорон худҷӯшанд ва аммо бархе ҳам ба хотири пайдо кардани нуфуз ва шӯҳрат ба эҷодкорӣ мепардозанд."

Ҷаноби Раҳимӣ дар баробари ин аз намунаҳои эҷодиёти моддӣ низ ёд кард, ки яке аз онҳо "Кохи Наврӯз" аст ва дар Осиёи Марказӣ назир надорад. “Кохи Наврӯз” соле пеш дар маркази шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт, ки бо беҳтарин санъати меъморӣ ва наққошӣ сохта шудааст. Ҳатто саммити соли гузаштаи сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бо ҳузури 7 президент дар ин кох доир шуд.

Ҷонибеки Асрориён

Нозирони умур бар инанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон вобаста ба шумораи аҳолӣ, теъдоди эҷдокорон дар ҳама соҳаҳо зиёданд, вале монеаи забонӣ ва пахши иттиллоот барои амалӣ шудани кашфиёти онҳо халал мерасонад. Аз сӯи дигар, набуди коргоҳҳои саноатӣ дар Тоҷикистон ва шароити бади иқтисодӣ боис ба он мешавад, ки бештари кашфиёти олимони тоҷик рӯи коғаз бимонад.

Ҷонибеки Асрориён, ҷомеашиноси тоҷик дар ин замина мегӯяд, ”кишварҳои дигар патент доранд ва кӯшиш мекунанд, ки давлат на танҳо кашфиёти олимонро бигирад, балки дар амалисозии онҳо саҳм гирад. Аз ин ҷиҳат шояд мо каме қафомонда бошем. Вале ман фикр намекунам, ки дар низоми пасошӯравӣ мо аз кишварҳои қафомондаем."

Дар ҳамин ҳол, мутахассисони бахши фанноварӣ ба муваффақиятҳои чанд соли ахири барномасозҳои ҷавони тоҷик ишора мекунанд, ки ҳатто дар хориҷи кишвар эътироф шудаанд. Ба қавли Фариштамоҳ Гулова, мутахассиси фанновариҳои иттилоотӣ ва мухобиротӣ, ҳоло беҳтарин идеяҳоро дар соҳаи фанновариҳо метавон дар Тоҷикистон дарёфт кард ва худи сокинони кишвар низ алакай роҳҳои истифодаи бозори барномасозиро омӯхтаанд.

"Ҳоло ҳатто барномасозони моро барои кор ба хориҷ ҷалб мекунанд ва ҳамасола он чорабиниҳое, ки дар заминаи технологияҳои муосир дар Тоҷикистон ва хориҷ доир мешавад, ҷавонони мо ҷойҳои аввалро касб мекунанд ва барномаҳояшон дар Осиёи Марказӣ ғолиб гардидаанд. Дар чунин зинаи паст қарор додани кишвари мо аз рӯи инсоф нест," -- гуфт ӯ.

Аммо Ёқуби Саид, таҳлилгари ҷавони тоҷик мегӯяд, истеъдодҳои тоҷик ҳоло аксаран дар "ғами нон" ҳастанд ва он нафароне ки дар ин росто талоши зиёд доранд ва ба натиҷае расидаанд, маъмулан исми онҳо аз кишварҳои дигар садо медиҳад: "Барои мисол, ҷавони тоҷик дар

Ёқуби Саид.

Ҷопон формулаи иқтисодиро кашф кард ва ё коргардони тоҷик дар Лаҳистон соҳиби чанд шабакаҳои телевизионӣ шуд, ки барномаҳои телевизионӣ эҷод мекунад. Ҳарчанд дар Тоҷикистон дар сатҳи расмӣ барои ягон эҷодкор монеа эҷод намекунанд вале шароите, ки як фард бояд дошта бошад ва аз корҳое, ки манфиати камтар дорад канор рафтаву танҳо дар фикри пиёда кардани идеяҳо бошад, бадбахтона вуҷуд надорад. Ҳамин аст, ки кишвари мо ақиб меафтад ва соҳибони зеҳнияти мо мераванд ва аз кишварҳои дигар садо баланд мекунанд."

Бо ин вуҷуд, соҳибназарони тоҷик бар инанд, ки дар баъзе аз мавридҳо пажӯҳишҳои марказҳои мухталиф асоси воқеъӣ надоранд ва аз ин хотир муҳим нест, ки Тоҷикистон барои ишғоли мавқеи баланд дар ин гуна шохисҳо талош кунад. Балки беҳтар аст, дар Тоҷикистон чунин шароите ба миён оварда шавад, ки афроди эҷодкор ба нафъи кишвар кор кунанд. Ба ақидаи онҳо зуҳури истеъдодҳо, рушди халлоқият ва эҷодкорӣ низ ба шароити зиндагӣ ва таъминоти моддӣ бастагӣ дорад.