Мураббиёни варзиш паси мизи таҳсил нишастанд

Дар шаҳри Хуҷанд рӯзҳои 1-3 август давраи бозомӯзии маъмурони соҳаи варзиши вилояти Суғд баргузор шуд.

Дар давраи бозомӯзии маъмурони соҳаи варзиши вилояти Суғд, ки рӯзҳои 1-3 август дар шаҳри Хуҷанд барпо гардид, 25 нафар роҳбарону кормандон, мураббиёни мактабҳои варзишии шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Ашт, Зафаробод, Спитамен ва Ҷаббор Расулов ширкат доштанд.

Давраи бозомӯзиро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ ташкил намуд. Маҳмуд Абдуллоев, сардори шӯъбаи варзиш ва таълимоти олимпии Кумитаи миллии олимпӣ, рӯзи 4 август ба Радиои Озодӣ гуфт, "давраи бозомӯзӣ, пеш аз ҳама, бо мақсади такмили ихтисос, баланд бардоштани савияи дониши назариявии маъмурони соҳаи варзиши вилояти Суғд доир шуд. Ширкаткунандагони машғулиятҳо маърӯзаҳоро дар бораи таърихи ҳаракати олимпии ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон, дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ, Бозиҳои осиёиву олимпӣ шунида, бо ҷараёни омодагии варзишгарони тоҷик ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ошно шуданд”.

Дар ҷараёни машғулиятҳо мутахассиси русиягӣ Владимир Елчанинов, ки шогирдаш Расул Боқиев дар Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин дар риштаи дзюдо медали биринҷӣ ба даст овардааст, бо ширкаткунандагони давраи бозомӯзӣ мулоқот кард. Вай дар бораи омодагӣ ва ширкати шогирдаш – Комроншоҳи Устопириён - дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия иттилоъ дод ва бо боварии комил иброз дошт, ки Комроншоҳ албатта соҳиби роҳхати олимпӣ мешавад.

Дар ҷамъбасти машғулиятҳо ба ширкаткунандагони давраи бозомӯзӣ сертификатҳои Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супорида шуд.