EBRD ба Тоҷикистон 110 миллион доллар медиҳад

Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд барои тарҳи CASA-1000, ки интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад, ба Душанбе 110 миллион доллар медиҳад.

Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушди барои иҷрои тарҳи CASA-1000 ба Тоҷикистон 110 миллион доллар медиҳад. Бахтиёр Қобилов, мушовири вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 31 июл бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ин созишномаи қарзӣ рӯзи гузашта дар Душанбе имзо шудааст.

Ба гуфтаи Қобилов, ин санади ҳамкориро Абдусалом Қурбониён, вазири молия, Рустам Раҳматзода -- раиси ширкати "Барқи тоҷик" ва Ричард Ҷонс -- раҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ба имзо расондаанд. Иқдоми Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд барои ихтисоси 110 миллион доллар барои иҷрои тарҳи CASA – 1000 ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан кишвар созишномаи грантиро ба маблағи 45 миллион доллар бо Бонки Ҷаҳонӣ ва созишномаи қарзӣ ба маблағи 70 миллион евро бо Бонки сармоягузории Аврупоро имзо карда буд.

Ҳазинаи тарҳи CASA - 1000 маблағи беш аз 1 миллиард доллар буда ва барои Тоҷикистон 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион доллар, Афғонистон 354 миллион доллар ва Покистон 209 миллион доллар масраф хоҳад шуд.

Содироти нерӯи барқи тавлидии изофӣ дар фасли тобистон аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон ва Афғонистон ҳадафи аслии тарҳи CASA - 1000 унвон мешавад.

Ҳашт сол пеш дар нишасте дар Исломобод ҳайатҳои чаҳор кишвар созиш дар бораи бунёди тарҳи CASA-1000-ро имзо карда буданд ва ду соли пеш дар Кобул Котиботи ин тарҳ низ фаъол буд. Аммо мушкили дарёфти маблағ ва баъзе «бозиҳои сиёсӣ» садди роҳи татбиқи тарҳ шуданд.
Дар сурати татбиқи тарҳ, солона то 1300 мегават барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистону Афғонистон интиқол меёбад. Қарор аст, Покистон ба шабакаи миллии худ 1000 мегават барқ дар фасли тобистон изофа кунад. Покистон айни ҳол барои таъмини аҳолӣ ба 10 ҳазор мегаватт нерӯи барқ ниёз дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз ҳудуди 10 дарсад афзудани содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишвар дар нимаи аввали соли ҷорӣ хабар дод. Масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 22 июл дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфтанд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 546, 4 миллион киловат соат нерӯи барқ содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ҳудуди 10 дарсад бештар аст.

Ба гуфтаи ин онҳо, аз ин миқдор 504 миллион киловатт соат ба Афғонистон ва бақия ба Қазоқистон содир шудааст. Ба таъкиди масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, аз моҳи оянда содирот ба хориҷи кишвар, ба хусус Афғонистон боз бештар карда мешавад.

Ба ин тартиб тибқи иттилои масъулон дар ҳоли ҳозир Афғонистон дар ҳудуди 300 мегаватт нерӯи барқи Тоҷикистонро ворид мекунад ва бо иҷрои тарҳи КАСА –1000 ин тавоноӣ бештар хоҳад гашт. Зимнан, ба гузориши Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон муддати шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон 8 миллиарду 660 миллион киловат соат тавлид шудааст. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7 дарсад бештар аст.

Тоҷикистон бо он ки дар фасли тирамоҳ ва зимистон ба камбуди ҳудуди 4 миллиард киловат соат неруи барқ рӯ ба рӯ аст ва муддати шаш моҳ аҳолӣ аз тариқи лимит ё маҳдудият барқ мегиранд, аммо дар фасли тобистон барқи изофӣ беш аз 3 миллиард киловат соатро ташкил медиҳад, ки ниёз ба содироти он ба хориҷи кишвар аст.