"Минтақаи озод аз "Давлати исломӣ": бурди кӣ ва бохти кӣ?

Тарҳи созиши Туркияву Амрико дар бораи ташкили минтақаи озод аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шимоли Сурия, аз нигоҳи коршиносон, чанд бартарӣ, вале ҳамзамон таҳдидҳое дар камин дорад.

Бартарии бидуни шубҳа – ҷилавгирӣ аз вуруди шаҳрвандони хориҷӣ барои пайвастанашон ба сафи ситезаҷӯён аст. Гуфта мешавад, бештари ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” шаҳрвандони хориҷиянд ва онҳо аз хоки Туркия ва аз тариқи гузаргоҳҳои марзии воқеъ дар шимоли Сурия вориди кишвар шудаанд.

Қарор аст Туркия ва ИМА ин минтақаро, ки шарқи он аз сӯи курдҳои Сурия ва ғарби он аз сӯи ҳам ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” ва ҳам курдҳо назорат мешавад, “минтақаи озод аз “Давлати исломӣ” эълон кунанд. Аз нигоҳи таҳлилгарон, созиш имкон медиҳад, ки “Давлати исломӣ” аз назорати шаҳрҳои марзии Ҷараблус ва Ал-Рай маҳрум монад – афроди нав маҳз аз тариқи ҳамин шаҳрҳои Сурия ба ин гурӯҳи ситезаҷӯ мепайванданд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки Амрикову Туркия то куҷо тавони назорати пурраи 109 километр хатти марз дар ин минтақаро доранд?.

Дар марзи миёни Туркия ва Сурия

Муаллифони тарҳ қасд доранд, ки барои пуштибонӣ аз нерӯҳои маҳаллӣ аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ истифода кунанд – таҷрибае, ки ҳангоми даргириҳо барои шаҳри Кубонӣ аз он кор гирифта шуд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки Амрикову Туркия ба кадом нерӯҳои маҳаллӣ бартарӣ медиҳанд. Ҳарду кишвар эълом доштанд, ки ба нерӯҳои мӯътадили ошӯбгари Сурия кӯмак хоҳанд кард ва аммо дар мавриди он ки кадоме аз ин нерӯҳои «мӯътадиланд», Вошингтону Анкара назари воҳид надоранд – амрикоиҳо ба гурӯҳҳои дунявии ошӯбгарон, аз ҷумла, Артиши озодихоҳи Сурия, такя мекунанд, аммо Туркия ҳамроҳ бо Арабистони Саъудӣ пуштибони гурӯҳҳои суннии мухолифи режими Башор Асаданд. Зимнан, ин гурӯҳҳо барои ишғоли қаламрави ҳарчӣ бештари Сурия бо ҳам рақобат доранд.

Масъалаи нақши курдҳои Сурия ҳам ҳалношуда боқӣ мемонад – Вошингтон аз онҳо ҷонибдорӣ мекунад, аммо Анкара аз имкони таъсиси давлати курдҳо дар шимоли Сурия сахт нигарон аст.

МИНТАҚАИ АМН БАРОИ ФИРОРИЁН?

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, мегӯяд, ки ташкили “минтақаи озод аз “Давлати исломӣ” роҳи фирориён аз Сурия ба ватанро боз мекунад – айни ҳол дар қаламрави Туркия тақрибан 1,8 миллион шаҳрвандони кишвари ҳамсоя панаҳ бурдаанд. Аммо бозгашти онҳо чӣ гуна сурат мегирад ва амнияти онҳо то куҷо таъмин хоҳад шуд – суолҳои то ҳол беҷавобанд.

Аз ин пеш Анқара борҳо хостори ташкили минтақаи барои парвозҳои мамнӯъ дар шимоли Сурия шуда буд. Аммо Вошингтон инро рад мекард, зеро эълони минтақаи барои парвозҳои мамнӯъ боиси таниши мустақим миёни ИМА ва ҳампаймонҳои Башор Асад – Русия ва Эрон мешуд. Суоли дигаре низ матраҳ аст, ки агар нерӯҳои маҳаллии бархӯрдор аз пуштибонии ИМА ва Туркия бо ҳам вориди низоъ шаванд, таъмини амният дар "минтақаи озод аз “Давлати исломӣ” бар дӯши кӣ хоҳад уфтод? Оё Туркия ё ИМА барои ба он ҷо фиристодани нерӯҳои хушкигард омодаанд?

КУРДҲО ЧӢ МЕГӮЯНД?

Курдҳои Сурия аллакай ҳушдор доданд, ки ташкили минтақаи озод аз «Давлати исломӣ» эҳтимоли убури марзи Сурия аз сӯи нерӯҳои Туркияро афзоиш медиҳад. Раҳбари ҳизби Иттиҳоди демократии курдҳои Сурия (PYD), ниҳоди сиёсии Воҳидҳои ҳимоят аз мардум (YPG), ки бо пуштибонии ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико дар набардҳо барои Кубонӣ пирӯз шуд, чанде пеш ҳушдор дод, ҳама гуна нерӯи Туркия, ки вориди хоки Сурия мешавад, «ишғолгар» унвон хоҳад шуд. YPG ҳампаймони Ҳизби Коргарони Курдистон (ҲКК) аст, ки аз сӯи Анкара дар талоши ташкили давлати ягонаи курдҳо дар қаламрави феълии Туркия, Ироқ, Сурия ва Эрон муттаҳам мешавад.

Аъзои YPG ба фирориён барои бозгашт аз Туркия кӯмак мекунанд

Туркия то ҳол нияташ барои вуруди нерӯҳои хушкигард ба Сурияро эълом надоштааст, аммо таниши ахир миёни Анқара ва ҲКК собит мекунад, ки ҳаводис ҳар лаҳза метавонанд ранги дигар бигиранд. Баъд аз он ки ҲКК масъулияти куштори ду корманди полис дар рӯзи 22 июлро бар дӯш гирифт, Анқара ба Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони ИМА пайваст ва ба зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои ҲКК дар шимоли Ироқ пардохт. ҲКК эълом дошт, куштори кормандони полиси Туркия вокуниш ба ҳамлаи террористӣ дар маркази фарҳангии шаҳри Суруҷ буд – дар он ҳодиса 32 тан аз аъзои Федератсияи ҷавонони сотсиалисти Туркия кушта шуданд. Онҳо пеш аз сафар ба Кубонӣ ва кӯмак барои барқарорсозии ин шаҳр ҷамъ омада буданд.

Масъулони ҲКК мутмаинанд, ин ҳамла натиҷаи “ҳамкорӣ”-и Анқара бо гурӯҳҳои сунниест, ки дар Сурия бо курдҳо меҷанганд. Туркия ин иттиҳомро рад кард ва худи ҳамон рӯз ба бомборони мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва ҲКК шурӯъ намуд ва нишон дод, ки чӣ бӯҳронҳое метавонанд ҳар лаҳза ба минтақа таҳдид кунанд.