Посухи муовини Р.Эмомалӣ ба саволи "мошинҳои гаронбаҳо аз куҷост?"

Наимӣ Аъламхон Қодириён, муовини аввали раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Муовини аввали раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, ки маоши миёнаи кормандони ин ниҳод аз 900 то 1300 сомонӣ будааст.

Наимӣ Аъламхон Қодириён -- муовини аввали раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ба суоли хабарнигорон дар бораи маош ва хонаву мошини гаронбаҳои баъзе аз кормандони ин ниҳод посух дод.

Ӯ 27 июл дар нишасти матбуотии ниҳодаш дар Душанбе гуфт, ки дар бораи мошину хонаҳои гаронбаҳои баъзе аз кормандони Оҷонсӣ шахсан маълумот надорад, вале тахмин мезанад, ки ё хешовандон ва ё дӯстонашон ба онҳо кумак кардаанд.

"Чӣ хеле Шумо оила доред, медонед, мумкин бародарашон ё рафиқашон кумак кардаанд. Мумкин падару модарашон ба соҳибкорӣ машғуланд. Дар Оҷонсӣ раёсати махсуси амнияти дохилӣ ҳаст, ки ҳамин хел ҳолатро ошкор ва тафтиш мекунад. Айни замон дар мо чунин ҳолат ошкор нашудааст," -- гуфт ӯ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хонаву мошинҳои гаронбаҳо аз кадом ҳисобанд?

Ба қавли муовини аввали Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар ҳоли ҳозир маоши миёнаи кормандони ин ниҳод аз 940 то 1265 сомонӣ, яъне аз 144 то 195 доллари амрикоӣ будааст. "Феълан дар Оҷонсӣ 480 коргар, аз ҷумла 89 хизматчии давлатӣ дар бахши назорати молиявӣ ва 391 хизматчии ҳарбӣ фаъолият доранд," -- гуфт Наимӣ Аъламхон Қодириён.

Ин бори аввал нест, ки хабарнигорони тоҷик ба маоши нисбатан паст, аммо хонаҳои боҳашамату мошинҳои гаронбаҳои кормандони ниҳодҳои давлатӣ таваҷҷӯҳ мекунанд. Ҳанӯз 8 соли пеш хабарнигорон аз Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли собиқ пурсида буданд, ки мошинҳои гаронбаҳои назди бинои Додситонии кулл аз кист ва чӣ гуна ба онҳо даст додааст, бо маошии онвақтаи 110 сомонӣ чунин мошинҳоро харидорӣ кунанд?

Бобохонов гуфта буд, бо маоши онҳо чунин мошинҳоро харидан имкон надорад. "Кормандони мо хешу ақрабое доранд, ки эҳтимол муҳоҷири меҳнатӣ ва ё шахсони доро ҳастанд ва ба онҳо кумаки молӣ мерасонанд. Аммо ин ҳама мошинҳои гароннархе, ки дар атрофи бинои Додситонии кулл мебинед, моли кормандони мо нест, онҳо меҳмон ҳастанд," -- илова карда буд ӯ.

Вале тобистони соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо мақомоти қудратӣ аз шиносбозию сарватхоҳии баъзе аз кормандони Додситонии кулл интиқод ва дар бораи хонаву дари онҳо сӯҳбат кард.

Ӯ хитоб ба Шерхон Салимзода, додситони кулли пешини Тоҷикистон гуфт, "ман ба ту чанд бор хонаҳоро бо расму ному насабаш нишон дода будам, ин ҳама аз ҳисоби кадом даромад аст? Ё биё саҳар назди бинои додситонӣ меравему мебинем, кӣ бо кадом навъи мошин ба кор меояд."

Аз соли 2008 ба ин сӯ маоши миёна дар Тоҷикистон қариб 3 маротиба боло рафта, аз 333 ба 964 сомонӣ расидааст. Қарор аст, моҳи сентябри соли ҷорӣ маошу нафақаҳоеро, ки аз буҷаи давлатӣ пардохт мешаванд, боз аз 15 то 30 дарсад боло бурда, маоши ҳадди ақал дар кишвар якбора аз 250 ба 400 сомонӣ расонда шавад.