Мақомоти ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон мегӯянд, ба зудӣ аз масъулони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар минтақаи Кӯлоб хоҳанд хост, ки маҳалли тамрини худро аз размоишгоҳи "Мумирак" ба ҷойи дигар кӯчонанд.
Сулаймон Назаров -- раиси дастгоҳи ҳукумати Шӯрообод дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин хулоса баъд аз шикояти сокинони рустоҳои атрофи "Мумирак" расидаанд, ки, ба қавли ӯ, то кунун аз тири дайдуи сарбозони рус азият мекашанд ё партоби гулӯла манзили онҳоро нимвайрона кардааст.
"Сокинон муроҷиат карданд ва мо ҳам дар навбати худ ин масъаларо бо раҳбарияти пойгоҳ ва размоишгоҳ матраҳ карда, бояд мусбат ҳал намоем," -- афзуд Назаров. То кунун намояндагони пойгоҳи 201 дар ин замина изҳор назар накарданд. Аммо раҳбари дастгоҳи ҳукумати Шӯрообод мегӯяд, онҳо қаблан низ як чунин дархостро аз масъулони размоишгоҳи "Мумирак" карда, дар иваз "ваъдаи хушку холӣ" гирифтаанд.
Бобо Низомов, сокини деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шӯрообод, ки дар 5-километрии размоишгоҳи "Мумирак" қарор дорад, гуфт, бар асари гулӯлаи сарбозони Русия чӯбҳои боми хонаи навсохтааш хароб шудаанд. Ӯ мегӯяд, се рӯз пеш ин ҳодиса рух дод ва ҳоло маҷбур аст, ки тахтаҳои нав оварда гузорад.
Ба қавли сокинони деҳаи Дараи Об се рӯзи қабл бар асари ба замин бархӯрдани як тири зиреҳпӯш Умедҷон Гулмадови 27-сола низ беҳуш шудааст. Наздикони Умедҷон гуфтанд, "агар ин тири дайду як каме ба тарафи рост бармехӯрд худи ӯро маҷрӯҳ мекард".
Бобо Низомов, сокини деҳаи Дараи Об мегӯяд, дар ин робита ба раиси ҷамоати деҳа ва мақомоти ноҳияи Шӯрообод муроҷиат карда, вале то ҳол мушкилашон ҳал нашудааст. "Як моҳ пеш, баъд аз он ки намояндагони пойгоҳи 201-и Русия ба деҳа омада, осори тирҳоро бо чашми худ диданд, гуфтанд, ки дигар чунин вазъият пеш нахоҳад омад. Вале се рӯз боз пайиҳам чанд ҳодисаи бархӯрдани тир ба боми хонаҳои мардум ва ҷойҳои дигар мушоҳида шудааст," -- гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Тамрингоҳи "Мумирак" дар наздикии деҳаҳои Дараи Об ва Кафтари Шӯрообод қарор дорад. Дар ин тамрингоҳ сарбозони пойгоҳи 201-и Русия, ки дар маркази Кӯлоб ҷойгир аст, ҳамасола размоиш мекунанд.
Русия дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ ва ҳудудан 7 ҳазор аскару афсар дорад ва қисмҳои низомии он дар Душанбе ва вилояти Хатлон, аз ҷумла минтақаи Кӯлоб ҷойгиранд. Аз соли 2000 ба ин тараф беш аз 10 нафар, асосан кӯдакон дар вақти тамрини низомиёни рус ва аз таркиши минаҳои онҳо фавтида ё ҷароҳат бардоштаанд.