Таҷовузи писари сесола дар Кобул хашми парлумонро барангехт

Аъзои Вулуси Ҷирга ё парлумони Афғонистон аз таҷовуз ва кушта шудани як писари сесола дар Кобул изҳори ташвиш карда, аз мақомот хостаанд, ки ба саволи онҳо посух гӯянд.

Таҷовуз ва кушта шудани Юнус, писари сесола дар Кобул хашми Вулуси Ҷирга ё парлумони Афғонистонро барангехтааст. Сикандар -- падари Юнус мегӯяд, ки ин фарзанди кӯчакаш аз тарафи афроди ношинос рабуда шуда буд ва ӯ барои раҳоияш аз сатҳи поин то Вулуси Ҷирга муроҷиат кард. "Аммо бо вуҷуди ҳама талошҳо ҷасади порашудаи писарамро пайдо кардаму бас," -- гуфтааст ӯ.

Сабабҳои рабуда ва ба таври фоҷиабор кушта шудани Юнуси сесола маълум нест. Мақомти Афғонистон ҳам мегӯянд, маъмулан дар ин кишвар фарзанди афроди доро рабуда мешаванд, вале Сикандар - падари Юнус як ошфурӯш будааст.

Ҳайати идории Вулуси Ҷиргаи Афғонистон дуздидан ва таҷовузу кушта шудани ин писари сесола ва он ҳам дар Кобулро “масъалаи бисёр такондиҳанда” номид. Абдуррауф Инъомӣ, дабири Вулуси Ҷирга ҳангоме ки ин рӯйдодро баррасӣ мекард, бо чашмони пурашк гуфт, ки “ин кӯдак пас аз таҷовуз ба шакли бисёр фоҷиабор ба қатл расидааст.”

“Дандонҳои вайро канда ва сарашро ба санг зада буданд,” -- нақл кард Инъомӣ. Ӯ гуфт, замоне ки Сикандар, падари ин писар чанд рӯзи пеш кумак хоста буд, онҳо бо масъулони ҳавзаи ҳаштуми Кобул тамос гирифта, аммо дар вақташ посух дарёфт накардаанд. Ба қавли дабири Вулуси Ҷирга, ин ҳодиса аз бетаваҷҷӯҳии масъулони ҳавзаи ҳаштуми Кобул рух додааст. Ин мавзӯъ сабаб шудааст, ки ҳайати идории Вулуси Ҷирга аз мақомоти ҳавзаи ҳаштуми пойтахти Афғонистон бихоҳанд, то омада ба саволи онҳо посух бигӯянд.

Ин бори аввал нест, ки кӯдакони хурдсол дар Афғонистон дуздида ва сипас мавриди таҷовуз қарор гирифта ва кушта мешаванд. Пештар аз ин низ рӯйдодҳои ба ин монанд дар Кобул рух дода буд. Аммо мақомоти Кобул мегӯянд, эҳтимол Юнуси сесола аз сӯи бархе афроди муътод кушта шудааст. Фаридун Убайдӣ, раиси таҳқиқоти ҷиноии қумондонии амнияти Кобул мегӯяд, ин қазия таҳти баррасӣ қарор дорад.

Аъзои Вулуси Ҷирга мегӯянд, натанҳо ба хотири таҷовуз ва кушта шудани ин кӯдаки сесола, балки дар кул аз афзоиши одамрабоӣ ва дуздӣ дар пойтахти Афғонистон хашмгинанд. Онҳо мегӯянд, танҳо дар як моҳи ахир дар Кобул 65 ҳолати одамрабоӣ сабт ва ҳудуди 185 мошин дуздида шудааст.