Бархе аз хабаргузориҳои русӣ ба он нукта ишора кардаанд, ки Маскав дар саммити Созмони ҳамкороиҳои Шанхай дар Уфа талоши аз рақибу душман ба дӯсту ҳампаймон табдил додани ин кишварҳоро кардааст.
Нишасти Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Уфа рӯзи 10 июл баргузор шуд. Бино ба итилои расмӣ, дар он ба ҷуз раҳбарони шаш кишвари узв (Русия, Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон) сарони панҷ давлати нозир – Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Афғонистон ширкат карданд. Дар нишаст Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ба ҳайси «меҳмони Владимир Путин» ҳузур дошт.
Ба нишасти Шӯрои сарони СҲШ намояндагони созмонҳои байнулмилӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, АСЕАН ҳам даъват шуданд.
СҲШ ВА ТАВОЗУНИ НЕРӮ ДАР САҲНАИ СИЁСИИ ОЛАМ
Ҳанӯз то саммит возеҳ буд, ки густариши Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз муҳимтарин мавзӯъҳои нишаст хоҳад буд. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар нишасти хабарӣ баъд аз хатми саммити СҲШ дар пойтахти Бошқирдистон, ҳам ба ин иқрор кард ва шурӯи раванди қабули Ҳиндустон ва Покистон ба созмонро “бори аввал баъди таъсиси СҲШ”, яъне як рӯйдоди таърихӣ номид.
Аммо ба назар мерасад, ки на ҳама сарони кишварҳо аз ин “рӯйдод” хушнуданд - Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, қабл аз нишаст дар мулоқот бо Владимир Путин аз он изҳори ташвиш кард, ки "вуруди Ҳиндустону Покистон – ду кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ на фақат харитаи сиёсии оламро тағйир медиҳад, балки рӯи тавозуни нерӯ дар саҳнаи сиёсӣ ҳам таъсир хоҳад гузошт". Владимир Путин дар посух гуфт, «тасаввур кунед, ки ҳама бигӯянд – маҳз раисиҷумҳури Узбакистон Каримов Ҳиндустону Покистонро ба СҲШ овард ва воқеъияти нави сиёсии оламро поя гузошт».
Ба навиштаи расонаҳо, қарор аст, ки ин ду кишвар маҳз дар нишасти сарони СҲШ дар Узбакистон “шашгона”-и феълиро ба “ҳаштгона” табдил кунанд.
Нашрияи The Indian Express, чопи Деҳлӣ менависад, ки ҳар кадом аз шаш кишвари узви СҲШ далелҳои геостратегии худ барои ҳамкорӣ бо Ҳиндустонро доранд. Чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷиистон ва Узбакистон умедворанд, ки Ҳиндустон ба “ҳукмрони”-и Русияву Чин дар минтақа хотима мебахшанд, Маскав мехоҳад, ки аз як сӯ, Ҳиндустон аз нуфузи афзояндаи Чин дар Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ кунад ва аз сӯи дигар, ба рақибони ғарбияш намоиш диҳад, ки дӯсте чун Ҳиндустон дорад.
Зимнан, Эрон ҳам барои узвияти комил дар СҲШ аризаи расмӣ ироа кардааст, аммо раҳбарони Котиботи СҲШ гуфтанд, ки ин мавзӯъ фақат баъд аз лағви таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Теҳрон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Дар нишасти сарони СҲШ мақоми Белорус аз кишвари ҳампаймон то мақоми кишвари нозир боло бурда шуд. Ба ҷуз Озарбойҷону Арманистон боз ду кишварКамбоҷа ва Непал ба ҳайси кишварҳои ҳампаймон ба “оилаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай” ҳамроҳ шуданд. Ба гуфтаи Владимир Путин. кишварҳои зиёде аз Осиёи Ҷанубӣ то Ховари Миёна хостори дарёфти мақоми нозир ё ҳампаймон дар СҲШ шудаанд. Бангладеш, Шри-Ланка, Сурия, Украина, Ҷумҳурии Молдив ва Миср умедворанд, ки ҳадди аққал дар саммити оянда дар Узбакистон мақоми нозир ё ҳампаймони СҲШ-ро соҳиб мешаванд.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ЯК ДАСТ САДО НАДОРАД
Интизор мерафт, ки авзоъ дар Афғонистон ва таҳдиди гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар меҳвари гуфтугӯҳои сарони кишварҳои узв қарор бигирад. Айни ҳол садҳо шаҳрвандони кишварҳои мусалмоннишини узви СҲШ дар сафи ин гурӯҳ меҷанганд ва хатаре мавҷуд аст, ки онҳо ба минтақа баргашта, авзоъро ноором кунанд. Владимир Путин дар нишасти хабарӣ таъйид кард, ки аҳли нишаст ин мавзӯъро муфассал баррасӣ карданд, ба вижа, ки “Давлати исломӣ” чанголи худро сӯи Афғонистони бе ҳам ноором дароз кардааст.
Аммо, ба навиштаи расонаҳо, дар ягон санади ниҳоии саммит ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ишора нашудааст. Дар Эъломияи Уфа фақат гуфта шудааст, ки кишварҳои узв талошҳо барои муқовимат бо таҳдидҳои маъмулӣ ва ғайримуъмулӣ ба амният ва мубориза бо терроризмро таҳким мебахшанд. Кишварҳои узви СҲШ ҳамчунин дар мавриди муборизаи муштарак бо паҳншавии ақоиди ифротгароёна аз тариқи интернет ба созиш расиданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ки дар ҷаҳони муосир аз СҲШ талаб мешавад, ки ба таври фаврӣ ва муносиб ба таҳдидҳо ва хатарҳое, ки аз ифротгароӣ, терроризм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ба вуҷуд меоянд, посух бигӯяд. Ягон давлат дар алоҳидагӣ наметавонад бо ин мушкилоти тезутунд, ки хусусияти ҷаҳонӣ дорад, мубориза барад, таъкид намуд ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар саммит рӯи масоили иқтисодӣ ҳам тамаркӯз шуд. Дар Эъломияи Уфа гуфта шудааст, ки сарони кишварҳо ташкили Бунёди рушд ва Бонки рушди Созмони ҳамкориҳои Шанхайро идома медиҳанд.
РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ - РОҲЕ СӮИ ФАРДОИ БЕҲТАР?
Сарони кишварҳо аз ибтикори Чин барои таъсиси Роҳи бузурги абрешим ҳам ҷонибдорӣ карданд. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, гуфт, ки “мо дар ин тарҳ имконоти зиёди густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи СҲШ-ро мебинем”. Роҳи бузурги абрешим аз шаҳри шарқии Сиан сар шуда, то Урумчӣ Чинро миёнбур мекунад ва баъдан аз Алматову Бишкек, ба воситаи Самарқанд ба Душанбе, аз он ҷо ба Теҳрону Истамбул ва Роттердам мерасад. Гуфта мешавад: ки як навъ такрори Роҳи Абрешими аҳди бостон аст. Аммо қарор аст, ин роҳ аз Маскав низ гузарад ва дар Вена, оғозгоҳи саёҳати Марко Поло, бо масири обии Роҳи Нави Абрешими Чин бапайвандад. Ҳарду роҳ дар якҷоягӣ Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешимро ташкил хоҳанд дод, ки Осиёву Уқёнусияро бо Ховари Миёна, Африқо ва Аврупо васл хоҳад кард. Пекин барои амалӣ гаштани ин тарҳ омодааст, 40 миллиард доллар сарф кунад.
Дар нишасти сарони СҲШ масъалаҳои "ташкилӣ" ҳам матраҳ шуданд. Рашид Олимов, сафири феълии Тоҷикистон дар Чин, ба ҳайси Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай муаррифӣ шуд. Рашид Олимов дар ин мақом намояндаи Русия Дмитрий Мезентсевро, ки аз июни 2012 дар курсии Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай нишаста буд, иваз мекунад.
Дар поёни нишаст Стратегияи рушди СҲШ то соли 2015 тасдиқ карда шуд. Ба иттилои расмӣ, дар поёни нишаст ду санади дигар - изҳороти раҳбарони "шашгона" оид ба таҷлили Ғалаба аз болои фашизм дар ҷанги дуввуми ҷаҳон ва изҳорот оид ба муқовимат бо қочоқи маводи мухаддир ҳам қабул шуд. Сарони кишварҳо Созиш дар мавриди ҳамкорӣ дар масоили марзӣ ва Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва тундгароӣ барои се соли ояндаро ҳам пазируфтанд.
Нишасти навбатии сарони СҲШ моҳи сентябри соли 2016 дар Узбакистон баргузор мешавад. Санаи дақиқ ва шаҳри мизбони нишаст дертар эълон хоҳад шуд.