Марсияи Самариддин дар сӯги даҳ қурбонии ярч дар Яккабед

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз замони зери ярч мондани даҳ сокини ҷавони рустои Яккабеди ноҳияи Файзобод се моҳ гузашт. Ин гурӯҳи ҷавонон барои таъмири лӯлаи оби деҳаашон, ки аз зери як кӯҳпора мегузашт, рафта, аммо дар пайи фаромадани ярч ҷон бохтанд. Наздикону дӯстони онҳо мегӯянд, ин захм бо гузаштисе моҳ дармон наёфта ва солҳои сол боқӣ хоҳад монд.

Самариддини Низомиддин, овозхони ҷавони ноҳияи Файзобод, ки дар ин ҳодиса ҳамсабақони худро аз даст додааст, дар фироқи онҳо тарона эҷод карда ва мехоҳад аз ин тариқ дарду андӯҳи волидонро камтар кунад. ​То кунун Самариддин барои хонаводаи қурбониёни ярч дар Файзобод 5 тарона эҷод кардааст.

Ӯ мегӯяд, яке аз ин марсияҳоро ба Фахриддин Нуров бахшидааст, ки баъд аз се моҳи хонадоршавӣ қурбон шуда ва наварӯси нозанинашро дар оғози роҳи зиндагии якҷоя танҳо гузоштааст.

Самариддин мегӯяд, бо ҳамаи ғӯрамаргони Яккабед пайванди хешутаборӣ ҳам дошт ва онҳо пайваста барои эҷоди тарона ва оҳангҳояш кумаки молӣ мекардаанд. Ҳоло ин овозхони ҷавони муҳассили Донишкадаи санъати Тоҷикистон мегӯяд, бо фаромадани ярч пуштибонҳои молии ӯ ҳам рафтаанд.

Дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ бар асари фаромадани ярч дар наздикии рустои Яккабеди ноҳияи Файзобод даҳ сокини ҷавони ин маҳал ҷон бохтанд. Онҳо мехостанд лӯлаи оби деҳаашонро таъмир намоянд. Аммо ярч имкон надод, онҳо сиҳҳату саломат ба назди хонаводаи худ баргарданд. То кунун ҷасади ҳашт тан аз ин қурбониёни ярч пайдо ва ба хок супурда шуда, то ҳоло ҷасади дуи дигарашон ёфт нашудааст.