12 кушта дар як ҷанги байни Толибон ва "Давлати исломӣ" дар Афғонистон

Дар як даргирӣ байни Толибон ва “Давлати исломӣ” дар Афғонистон дастикам 12 нафар кушта шудаанд. Мақомоти Кобул мегӯянд, “Давлати исломӣ” дар Нангарҳор, Фараҳ ва Ҳилманд фаъол шудааст.

Урдуи давлатии Афғонистон мегӯяд, дар як даргирии рӯзи шанбе, 27 июн байни ҷангиёни "Давлати исломӣ" ва Толибон дар вулусволии Ачини вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон ба камияш 12 нафар кушта шудаанд. Ин даргирӣ дар вулусволии Хугиёнӣ, дар тақрибан 150-километрӣ, ба гуфтаи низомиёни афғон, қариб як рӯз давом карда, дар байни 6 кушта аз сӯи "Давлати исломӣ" якеаш фармондеҳи ин созмон Қорӣ Мирвайс буда, ки дар баёнияи урдуи давлатии Афғонистон "фармондеҳи ғаддор" муаррифӣ шудааст.

Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон рӯзи 29 июн ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт: "Ин барои мо фарқе надорад, чун ҳарду гурӯҳ террорист ва байни худ ҷанг мекунанд ва ё ҳар кори дигар, кори худашон аст. Сиёсати вазорати мо собит аст: Ҳар гурӯҳи террористӣ, ки дар Афғонистон ноамниро эҷод мекунад, душмани мардуми Афғонистон аст ва нерӯҳои вазорат муқобилашон амалиёт мекунанд."

Давлат Вазирӣ ҳамчунин гуфт, дар се вилоят - Нангарҳор дар шарқи Афғонистон, Фараҳ – дар ғарб ва Ҳилманд – дар ҷануб ҳузури “Давлати исломӣ” дида шудааст. Як рӯз қабл Зафар Ҳошимӣ, сухангӯи дувуми раисиҷумҳури Афғонистон низ бо эътирофи ҳузур ва фаъолияти “Давлати исломӣ” дар ин 3 вилоят гуфта буд, ки давлат азм дорад, ки ин гурӯҳи тундравро аз арсаи Афғонистон комилан маҳв кунад.

Иттифоқан рӯзи 27 июн, дар рӯзе, ки ҷангиёни Толибон ва “Давлати исломӣ” дар Нангарҳор даргирии хунин доштанд, Раҳматуллоҳ Набил, раҳбари Хадамоти амнияти Афғонистон дар Вулусӣ Ҷирга – парлумони ин кишвар – маҳз вилояти Нангарҳорро мояи нигаронии ҷиддии амниятӣ аз лиҳози фаъолиятҳои “Давлати исломӣ” ном бурда буд. Аммо оқои Набил ҳам гуфт, давлат байни Толибон ва “Давлати исломӣ” ё ДОИШ фарқе намегузорад ва ҳардуи онҳоро “гурӯҳҳои террористӣ” ва “душмани мардуми Афғонистон” мешиносад.

Гурӯҳи Толибон, ки баъди 5 соли раҳбарӣ бар Афғонистон (солҳои 1996-2001) бо як шеваи хеле шадид инак 14 сол боз алайҳи ҳукумати Кобул меҷангад, низ дар ин 3 вилояти Нангарҳор, Фараҳ ва Ҳилманд пойгоҳҳои қавӣ дорад ва аз “Давлати исломӣ” хостааст, то дар Афғонистон ҷои по наҷӯяд. Ҳарду созмони тундрав барои сохтани низомҳои мазҳабӣ мубориза мебаранд, вале Толибон “хилофат”-и эълонкардаи “Давлати исломӣ”-ро эътироф намекунад ва ба талошҳои ҷои по ҷустани он дар Афғонистон бо назари рақибона нигоҳ мекунад.

Раҳбарони қабоил дар вилояти Нангарҳор низ аз афзоиши фаъолиятҳои “Давлати исломӣ” дар вулусволиҳои Спинғар, Очин, Ғанихел, Курд, Пичарагон, Хугиёнӣ ва Шинворӣ изҳори ташвиш мекунанд. Ҳоҷӣ Усмон, яке аз сарони қабоил ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аллакай ҳазорҳо нафар аз эҳтимоли тарси мутақобил байни Толибону “Давлати исломӣ” тарки хонаҳои худ кардаанд. Мақомот инро эътироф намекунанд, вале бисёриҳо аз қарияҷоти вилояти Нангарҳор ба Ҷалолобод рафтаанд. Дар қарияҷот мардум хеле кам мондааст.”

Бархе мақомоти афғон фаъол шудани “Давлати исломӣ” дар вилоятҳои Зобул, Лугар ва ҳатто дар вилоятҳои дар гузашта нисбатан оромтари Ғазниву Қундуз дар шимоли Афғонистонро низ эътироф мекунанд, вале мегӯянд, нирӯҳои давлатӣ тавони муқобила бо ин гурӯҳ ва ҳамин тавр, бо ҷангиёни Толибонро доранд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави ҷангҷӯст, ки аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии «Ал-Қоида» ҷудо шуда, соли гузашта қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ тасарруф кард. Ин созмон, ки бо қатли омм ва ҳатто зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани мухолифонаш ва пайравони динҳои дигару шохаҳои дигаридини Ислом ном баровардааст,иддао дорад, ки ҳадафаш эҳёи «хилофати воҳиди исломӣ»-ст.

Аммо бисёре аз кишварҳои дунё ин гурӯҳро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти байналмилалӣ мешуморанд ва алайҳи «Давлати исломӣ» таҳти раҳбарии Амрико як эътилофи низомӣ таъсис ёфтааст. Ин эътилоф аз моҳи августи соли 2014 ба ин тараф пойгоҳҳои «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқро таҳти ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додааст.

Ин гурӯҳ аз боқӣ созмонҳои тундрави исломӣ талаб дорад, ки бо супурдани “байъат” ба раҳбараш Абӯбакри Бағдодӣ “хилофат”-и эълонкардаи “Давлати исломӣ”-ро эътироф кунанд ва ба он бипайванданд. Дар бораи ба “Давлати исломӣ” чунин байъат супурдани гурӯҳҳои мухталифи тундраве аз “Боко Ҳарам” дар Африқо то Ҳаракати исломии Узбакистон дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон ва бархе фармондеҳони “Имороти Қафқоз” дар Русия гузоришҳо ба даст расидаанд.

“Давлати исломӣ” кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамин тавр, Афғонистону Покистон ва шарқи Эронро дар харитаи “хилофаташ” дар як вилоят бо номи “Хуросон” ҷой кардааст ва моҳи феврал Ҳафиз Саид Хон, маъруф бо лақаби Мулло Саид Оракзай, аз фармондеҳони собиқи гурӯҳи тундрави Таҳрики Толибони Покистонро “амир”-и ин ба ном вилоят таъин кард ва масъулияти идораи танзимҳои “Давлати исломӣ” дар як паҳнои бузурге аз Осиёи Марказӣ то Ҳиндро бар ӯҳдаи ӯ гузошт.

Аммо Мулло Умар, раҳбари Толибон, бино ба хабарҳо, чанде пеш дар паёме ба Абӯбакри Бағдодӣ ҷои по ҷустани “Давлати исломӣ” дар Афғонистонро “дахолат” ва ҳатто “фитна” унвон ва тақозо кардааст, то “Давлати исломӣ” аз коштани тухми нифоқ дар байни ҷангиёни Толибон даст бардорад.