Ширкатҳои хориҷӣ вазифадор шуданд, 90%-и коргаронро аз ҳисоби тоҷикон гиранд

​Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ширкатҳои хориҷӣ ва дар кишвар 90 дарсад аз коргарони худро аз ҳисоби сокинонӣ маҳаллӣ гиранд. Дар гузашта ин ҳисоб ба 70 дарсад баробар будааст.

Ширкат ё корхонаҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, муваззаф шудаанд, ки 90 дарсад аз коргарони худро аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ, яъне тоҷикистониҳо, гиранд. Ин дастур аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон –раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири ҳукумат дар ду ҳафтаи пеш расмӣ шуда, аммо тоза аз сӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ эълон гардид.

Дар ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар гузашта дастур будааст, ҳафтод дарсади коргарони ширкатҳои хориҷӣ аз ҳисоби тоҷикон бошанд. Бинобар ин, бар асоси дастури ахири президент тамоми тарҳҳое, ки бо ҳайатҳои дигар иҷро мешуданд, дубора бознигарӣ шуда, қарор аст, дар ин тарҳҳо низ теъдоди мутахассисони маҳаллӣ афзоиш ёбад.

Ба суоли ин ки "агар корхона ва ширкатҳои хориҷӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ мутахассиси зарурии худро пайдо накунанд, чӣ хоҳад шуд?" Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистонгуфт, "баъдан ба мутахассисони хориҷӣ авлавият дода мешавад."

Шукурҷон Зуҳуров

Шукурҷон Зуҳуров -- раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон низ дар аввалҳои моҳи июни соли ҷорӣ дар иҷлосияи парлумон ба ҷалби бештари сокинони маҳаллӣ ба кор дар корхонаҳои хориҷӣ таъкид карда буд. Оқои Зуҳуров ҳангоми баррасии озод кардани ширкати муштараки Тоҷикистону Чин аз андоз ва барои 49 сол ба иҷора додани 15 гектар замин дар вилояти Хатлон гуфт, бояд дар ин заминҳо мардуми маҳаллӣ ба шуғл фаро гирифта шаванд, на хориҷиҳо.

"Коргари оддиеро, ки дар замин кор мекунад, мо набояд аз Чин биёрем. Ман мефаҳмам, ки мутахассис лозим аст, аммо онҳо низ бояд муваққатӣ бошанд ва корро ба мардуми маҳаллӣ омӯзонанд. Боз нашавад, ки ҳатто коргари оддиро мо аз Хитой даъват кунем, бояд мардуми мо кор кунанд ва маош бигиранд," -- гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Иқтисоддонҳои тоҷик ҳам меъёри то навад дарсад будани кормандони маҳаллӣ дар ширкату корхонаҳои хориҷиро муҳим унвон мекунанд, вале мегӯянд, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд аз ин иқдом ҳанӯз чанд соли пеш

Собир Вазиров

кор мегирифт. Собир Вазиров, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, аммо ин дастур ниҳояти кор нест ва мақомот бояд масъалаи маоши кормандони маҳаллӣ дар ширкатҳои хориҷиро ҳам дунбол кунанд.

Зеро, ба гуфтаи ӯ, "ин ширкатҳо метавонанд 90 дарасадро аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ бигиранд, аммо танҳо 60 дарсади фонди маошро барои ин кормандон пешбинӣ намоянд. Агар коргари бумӣ 1000 сомонӣ гирад, корманди хориҷӣ дар ин баробар метавонад 10 000 сомонӣ бигирад. Аз ин хотир, бояд таваҷҷӯҳ кард, ки фонди музди меҳнат чӣ гуна тақсим мешавад ва набояд дар ин кор нобаробарӣ сурат гирад."

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар бахши сохтмон ва истеҳсолот ба 13 субъекти хоҷагидор иҷозати ҷалби 888 шаҳрванди хориҷӣ ба кор дар Тоҷикистон дода шудааст, ки 738 нафарашон шаҳрвандони Чин будаанд. Аммо ба қавли Абдулло Қодирӣ, ин дастур ба ҷудо шудани "квота"-ҳои ҷойи кор барои хориҷиён дар кишвар дахл надоштааст.

Тоҷикистон дар соли ҷорӣ барои 4 ҳазору 800 шаҳрванди хориҷӣ ҷойи кор додааст, ки ба гуфтаи Қодирӣ қисмати аслияшонро чиниҳо гирифтаанд. Чиниҳо дар Тоҷикистон асосан дар бахши сохтмону роҳсозӣ ва ҳамчунин истихроҷи маъданҳои гаронбаҳо кор мекунанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба омори расмӣ дар Тоҷикистон наздик ба 35 ҳазор ҷавони аз 18 то 29-сола бекоранд ва шумораи зиёди онҳо барои кор ба Русия сафар мекунанд.

Диловар Ризоев, як сокини пойтахт мегӯяд, бародари ӯ челонгари баландихтисос аст, аммо бинобар пайдо накардани ҷойи кор дар сохтмонҳои кишвар маҷбур шудааст, роҳи Русияро пеш бигирад.

Дар ҳоли ҳозир ба иттилои расмӣ то як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар Русия ҳастанд. Аксари онҳо ба кори сохтмону тиҷорат машғуланд ва иқтисоди хонаводаҳояшон аз ҳисоби пули фиристодаи онҳо мечархад. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи бӯҳрони Украина ва поин рафтани қурби рубли русӣ дар баробари доллар муҳоҷирони тоҷик дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 42 дарсад камтар пул фиристодаанд.