Морхӯрҳои Тоҷикистон бештар шудаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Иттиҳодияи Байналмилалии Муҳофизати Табиат морхӯр -- як ҷонвари зебои кӯҳистони Тоҷикистонро аз феҳрасти ҳайвоноти дар вартаи нобудӣ берун кардааст. Вале ин созмон мегӯяд, дар сурати беаҳамиятӣ мумкин аст, шумораи онҳо дигарбора кам шавад.