Оббозии наврасон дар дарёи "Душанбинка"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як гурӯҳ аз наврасону ҷавонон аз маҳаллаҳои атрофи пойтахти Тоҷикистон ҳар рӯз 10 километр роҳро пиёда тай карда, ба дарёи пуртуғёни маъруф ба "Душанбинка" меоянд ва худро салқин мекунанд. Ҳарчанд дар наздикии хонаи онҳо ҳавзи шиноварие мавҷуд аст ва обаш мусаффост, аммо ба сабаби гаронии қимати вуруд, ин наврасон ҳамроҳи рафиқону дӯстон ба инҷо меомадаанд.