Ҳалокати 2000 нафар аз гармо дар Ҳиндустон

Аз оғози гармо то ҳоло 2000 нафар фавтидаанд.

Муми роҳ дар Деҳлӣ об мешавад, хатти роҳ тағйир меёбад ва сабаби садамаҳо мегардад.

Асосан одамони аз 50 боло, ки дар зери офтоб кор мекунанд, осеб мебинанд.

Гармо ҳамаро ба соя меронад.

Гармо дар Ҳиндустон

Вазъ аз он бадтар мешавад, ки бархе аз манотиқ бо камбуди об рӯбарӯянд.

Чунин гармо дар 60 соли охир дар Ҳиндустон рӯй надодааст.

Ба гузориши ҳавошиносон гармо идома мекунад.

Дар Ҳиндустон аз гармои ғайриодии ҳаво 2000 нафар ба ҳалокат расиданд. Як ҳафта ба ин сӯ ҳарорат дар соя аз 47 дараҷаи Селсиус поён намеравад. Бемористонҳо пур аз офтобзадаҳост ва рухсатӣ рафтани пизишкон манъ шудааст.