WB: Тоҷикистон. Коҳиши рушд ва норӯшании рӯзафзун

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ аз эҳтимоли афзоиши дубораи сатҳи фақр дар Тоҷикистон, ки ҳоло 34,5 дарсадро ташкил медиҳад, изҳори нигаронӣ кардааст.

Бештари онҳое, ки аввалҳои тирамоҳи соли гузашта баъд аз уфти қурби пули русӣ ба Тоҷикистон омада буданд, дубора ба Русия баргаштанд. Одинааҳмад Талабзода, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳар се бародари ӯ ҳамин моҳ дубора барои кор ба Русия рафтанд. «Яктояш дар қишлоқ ва дигарӣ дар шаҳри Кӯлоб хона сохтанд ва аммо чун маблағҳои овардаи худро пурра сарф карда буданд, маҷбур шуданд, ки ба Русия раванд».

БОЗГАШТ АЗ ...НОИЛОҶӢ?

Мусоҳиби мо меафзояд, ахиран ӯ аз Шӯроободу Даштиҷум дидан кард ва дарёфт, ки дар он рустоҳо дубора ҳарчӣ камтар мардҳо ба чашм мерасанд. «Гап дар он аст, ки зиндагии хонаводаҳои муҳоҷирон моҳҳои ахир дубора хело бад шуд, одамҳои камбағал камбағалтар шуданд, одамҳое, ки мошин харида буданд, он мошинҳоро бо нархи пасттар фурӯхтанд. Хайр, онҳо илоҷ ҳам надоранд – дар кӯҳистон кор нест, ҳамаи мардҳо маҷбуранд, ки боз Русия раванд. Баъд, қурби пули русӣ ҳам рӯзҳои ахир кам-кам беҳтар шуда истодааст».

Муҳоҷирони корӣ ба Русия бармегарданд

Валӣ Абдуллоев, як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳам мегӯяд, ки соли гузашта пеш аз бӯҳрон дар иқтисоди Русия, дар канори шаҳри Хуҷанд манзили сеҳуҷрагӣ харид ва аз карда пушаймон шуд, зеро дар қарз ғӯтид ва маҷбур шуд, мошинашро, ки бо он бародараш хонаводаро таъмин мекард, фурӯшад. Валӣ, ки бо Радиои Озодӣ дар як минтақаи канори обанбори Истраи вилояти Маскав, сӯҳбат мекард, афзуд, то ҳол фақат як бор маош гирифта ва онро қариб пурра ба завҷааш фиристодааст, зеро ҳанӯз якуним ҳазор доллар қарзашро напардохтааст. «Қариб ҳама бачаҳои қишлоқ боз ба ин ҷо баргаштаанд, хайр пул камтар шудааст, лекин аз бекорӣ дар Тоҷикистон дида беҳтар аст-ку».

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ "Тоҷикистон. Коҳиши рушд. Норӯшании рӯзафзун", ки рӯзи сешанбе нашр шуд, кам шудани ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз Русияро ҳамроҳ бо коҳиши талаботи бозори ҷаҳонӣ ба маҳсулоти аслии содиротии Тоҷикистон – пахта ва алюминий ва бад шудани шароити тиҷорат -аз сабабҳои аслии таъсиргузор ба рушди иқтисодии Тоҷикистон хондааст. Дар ин гузориш омадааст, ки рушди маҳсули нохолиси миллӣ соли гузашта 6,7 дар сад коҳиш ёфт, дар ҳоле, ки як сол аз ин пеш он 7,4 дар сад коҳиш ёфта буд.

ТОҶИКОН БОЗ БА ДОМОНИ ФАҚР МЕРАВАНД?

Муаллифони гузориш ҳамчунин ишора кардаанд, ки сатҳи фақр дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2014 пойин рафт ва аммо ин раванд имсолу соли оянда бино ба бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия шояд заъиф шавад ва фақр дубора афзоиш ёбад. Бино ба омори расмӣ, фақр дар Тоҷикистон дар ду соли ахир то сатҳи 34,5 дар сад кам шуда буд. Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ бо ишора ба ин омор навиштаанд, ки сатҳи ниҳоии камбағалӣ солҳои 2013 ва 2014 ҳамагӣ 18,5 дар сад буд.

Музаффар Олимов

Музаффар Олимов, ҷомеъашиноси тоҷик, ҳам бо ишора ба таҳқиқоти анҷомдодааш мегӯяд, ки воқеъан солҳои ахир сатҳи фақр дар Тоҷикистон коҳиш ёфт – даҳ сол пеш тақрибан 84 дар сади мардум камбизоат буданд. Ӯ меафзояд, ду соли пеш тақрибан 38 дар сад ва соли гузашта фақат каме бештар аз 34 дар сади мардуми Тоҷикистон ба феҳристи афроди камбизоат шомил буданд. “Аммо зиёда аз ним соли ахир, ки Русияро бӯҳрони иқтисодӣ фаро гирифтааст ва қурби рубли русӣ пойин рафт, фикр мекунам, ки теъдоди афроди фақир ҳам зиёдтар шуд, зеро таъминоти аз 40 то 50 дар садихонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби маблағи муҳоҷирати корист”.

Музаффар Олимов бо ишора ба гузориши ахири вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир 276 ҳазор аз шаҳрвандони кишвар ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро надоранд ва 400 ҳазор нафари дигар шомили “гурӯҳи хатар” ҳастанд, яъне, ҳар лаҳза метавонанд аз Русия берун карда шаванд. “Тасаввур кунед, ки агар онҳо ҳам ба сафи ихроҷшудаҳо ҳамроҳ шаванд, зиёда аз ним миллион нафаре, ки ба таъминоти хонаводаҳои худ машғуланд, бекор мемонанд. Яъне, он қишри ҷомеа, ки даромадашон вобаста аз муҳоҷират аст, дубора ба рӯйхати одамони камбизоат шомил мешавад”, мегӯяд ҷомеъашиноси тоҷик.

Музаффар Олимов бо он нуктаи гузориш ҳам мувофиқ аст, ки сатғҳи фақр дар Тоҷикистон мавсимӣ аст. Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ омадааст, сатҳи камбағалӣ метавонад аз як семоҳа то семоҳаи дигар ба таври назаррас ё кам шавад ё боло равад, аз ин рӯ мушаххассозии теъдоди афроди воқеан камбағал хело душвор аст. Сабаб он аст, ки навиштаанд мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ, дар ноҳияҳои кишоварзӣ даромади хонаводаҳо аз мавсим вобаста аст. “Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил заҳмати зиёд ва ҳамзамон даромади зиёд насиби онҳое мешавад, ки ба истеҳсол ва фурӯши ин маҳсулот машғуланд. Дар мавсиме, ки фаъолияти кишоварзӣ маҳдуд аст, кишоварзон ҳам камтар фойида мебинанд, зеро теъдоди истеъмолкунандагон камтар мешавад”.

Бино ба гузориши Бонки ҷаҳонӣ, интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷик ҳам “мавсимӣ” аст – муҳоҷирон асосан тобистон ва тирамоҳ ба хонаводаҳояшон пул мефиристанд. Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ ба натиҷае расидаанд, ки фақр дар Тоҷикистон “мавсимӣ” аст – вобаста ба мавсим баъзе гурӯҳҳо ба феҳристи афроди камбағал ворид мешаванд ва баъзеи дигар онро тарк мегӯянд...