Раиси Хадамоти федеролии мубориза бар маводи мухаддири Русия мегӯяд, манбаи аслии таъминоти молии гурӯҳи террористии “Давлати Исломӣ” қочоқи ва фурӯши маводи мухаддир аст. Виктор Иванов, ин матлабро рӯзи сешанбеи 16 май зимни нишасти Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе баён кард.
Ҷаноби Иванов, Афғонистон ва Амрикои Ҷанубиро манбаи аслии тавлид ва қочоқи маводи мухаддир номид ва гуфт, маводи мухаддир ба кишварҳои Аврупо ҳоло на танҳо ба воситаи Балкан мерасад, балки аз тариқи Эрону Туркия, Ироқи ноором, Халиҷи Адан, минтақаи Соҳилии Африқо гузашта ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мерасад. “Мо мебинем, ки транзити ҳероин (аз Афғонистон) ва ҳам кокаин аз Амрикои Ҷанубӣ заминаи аслии ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир аст. Фурӯши ҳероин ва кокаин авзоъ дар тамоми саёраро ноором мекунад ва сабаби зиёд шудани зӯроварӣ, ифротгароӣ, терроризм мешавад. Биноан як вазифаи асосӣ аз байн бурдани тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ва Амрикои ҷанубист,” -- гуфт Виктор Иванов.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба иддаои Виктор Иванов, ҳар сол аз 300 то 500 миллиард доллар аз ҳисоби мухаддирот ба системаи бонкӣ ворид мешавад ва ин сарчашмаи адонашавандаи ҳамаи гурӯҳҳои терористӣ ва ифротгаро аст. Ин ҳам ҳолест, ки раиси Хадамоти федеролии мубориза бар маводи мухаддири Русия ба 20 дарсад афзудани ҳосили заминҳои кишти маводи мухаддир дар Афғонистон ишора мекунад.
Бино ба итиллои ин хадамот, ҳоло дар зиёда аз 224 ҳазор гектар замини кишти Афғонистон маводи мухаддир парвариш мешавад ва соли гузашта тавлиди бангдона шашуним ҳазор тоннро ташкил дод, ки ин ба истилоҳ ҳосили рекордӣ ҳисоб мешавад.
Аммо Имомидини Мутмаин, раҳбари шӯъбаи вижаи мубориза алайҳи маводи мухаддири Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сарчашмаи маводи мухаддирро на дар Афғонистон, балки дар ҷойҳои дигар бояд ҷуст. Чаро ки ба гуфтаи вай, ҳарчанд Афғонистон ҷангзадааст ва солҳо манбаи маводи мухаддир шумурда мешавад ва теъдоди ками маводи мухаддир аз ин ҷо ба гӯшаҳои дигари ҷаҳон роҳ меёбад.
“Қочоқи маводи мухаддир ва терроризм дар ҳама ҷойи дунё бо ҳам ҳамоҳанг аст. Ин ба танишҳо бастагӣ дорад. Агар суботу амният харобтар шавад, заминаву кор барои қочоқбарон бештар фароҳам меояд. Вале қочоқе ки дар Амрикову Русия аст, аз Афғонистон нест, кишварҳои дунё ҳар кадоме қочоқи хоси худро дорад. Афғонистон худ як кишварест, ки дар муқобили душманони дунё ва қоҷоқбарон истод шудаву мисли дигар кишварҳо таслим нашудааст," -- гуфт Имомиддини Мутмаин.
Бо вуҷуди ҳимояии сафир аз обрӯи кишвараш, бар пояи гузоришҳои байналмилалӣ 90 дарсади маводи мухаддир ҳоло дар Афғонистон тавлид мешавад. Бо ҳама кӯшишҳое, ки ҷомеаи байналмилалӣ барои коҳиши кишт ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон анҷом дод кушту истеҳсоли ин мавод кам нашуда, балки соли гузашта парвариши он 7 дарсад афзоиш ёфтааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таҳлилгарони тоҷик низ бар инанд, ки аз маводи мухаддир бо ҳадафи ҷанг, ҳамаи гурӯҳҳои террористиву ифротӣ истифода мекунанд. Аммо ба гуфтаи онҳо, боз ҳам манбаҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки барои фаъолияти ин гурӯҳҳо мусоидат мекунанд.
Қосимшоҳ Исканадаров, раиси Маркази мутолеоти низоъҳои минтақа ва Афғонистон дар ин замина гуфт, “албатта фурӯши нафт ҳам дар ин ҷо нақш бозӣ мекунад. Масалан, дар Ироқу Сурия, ки нафт доранд гурӯҳи ДОИШ аз қочоқи нафти суди зиёд мекунанд. Вале ҷое, ки нафт надорад, манбаи аслии таъмини онҳо маводи мухаддир аст. Ҳарчанд мегӯянд, ҳоло даромад аз фурӯши нафт бо даромад аз фурӯши маводи мухаддир қариб баробар шудааст. Аммо наметавон гуфт, ки танҳо маводи мухаддир, балки аз роҳҳои дигар ва манбаъҳои дигар низ вуҷуд доранд, ки онҳоро кӯмак мекунанд.”
Ба гуфтаи ҷаноби Искандаров, интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон аз роҳи Эрон ва Покистон ва ҳамчунин бо истифода аз “масири шимолӣ”, яъне Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон сурат мегирад. Бино ба маълумоти Хадамоти федеролии мубориза бар маводи мухаддири Русия, қочоқбарон дар 70 дарсади мавридҳо аз автомобил, дар 20 дар сад аз роҳи оҳан ва дар 10 дар сад аз роҳи ҳавоӣ истифода мебаранд.